Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов, дар маросими супоридани таҷҳизоти амниятӣ бо арзиши 3,8 миллион доллари ИМА ба Қушунҳои сарҳадии КДАМ иштирок карданд.
Бино ба иттилои сомонаи сафоратзонаи ИМА дар Тоҷикистон, таҷҳизоти сенсории назорати заминӣ барои тақвият додани иқтидори Қушунҳои сарҳадӣ барои назорати доимии қисмҳои марзие, ки таввассути посдории маъмулӣ имконнопазиранд, мусоидат хоҳад намуд. Ин усули назорати марзҳо барои фарогирии мунтазами қитъаҳои сарҳадии дастнорас ва шароити мураккабдошта мувофиқ мебошад.
Гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баҳри дастгирии соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар суботи минтақавӣ талош мекунад. Ин талошҳо саҳми бевосита ба амалӣ намудани Стратегияи амнияти миллии ИМА мебошанд, ки дар он нақши муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳу суботи дарозмуддат дар Афғонистон тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза бар зидди терроризм қайд гардидаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ИМА тӯли қариб 27 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва беш аз 1.8 млрд. доллари ИМА-ро ҳамчун кӯмак баҳри рушд, тавассути барномаҳои дастгирии бахши хусусӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон равона намуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.