Вакилони маҳаллии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон изҳор доштаанд, ки бозбинии ҳамаи созишномаҳо дар бораи таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон зарур аст.
Мушкилоти марзро вакилони маҳаллӣ рӯзи 10-уми октябр дар маҷлиси намояндагони халқи ҳамаи авулҳои кенешҳои ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд баррасӣ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории 24.kg иттилоъ медиҳад.
“Агар созишномаҳое мавҷуданд, ки ба манфиатҳои соҳибистиқлолии Қирғизистон мутобиқ нестанд, шахсонеро, ки онҳоро ба имзо расонидаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашид”, - изҳор доштаанд вакилон.
Онҳо аз кори ҳукуматдорон дар мавриди таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон изҳори норизоӣ кардаанд.
“Он ҷо, дар боло (ҳукумат, дастгоҳи президент. - эзоҳи 24.kg) моро фиреб медиҳанд. Моро танҳо ором мекунанд. Барои нигаҳдории заминҳои худ, мо бояд фишангҳои таъсир ба ҳамсоягон дошта бошем”, - гуфтааст вакили кенеши авули Катран Асилбек Сатторов.
Ба сифати фишанги таъсир вакилони маҳаллӣ ба сарвазир пешниҳод кардаанд, ки ба ҳайати комиссияи таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлати Қирғизистону Тоҷикистон Қурбонбой Искандаров баргардонида шавад. Зимнан иттилоъ дода нашудааст, ки чаро маҳз ҳамин шахсро мехоҳанд дубора ба ҳайати комиссияи мазкур шомил кунанд.
Мувофиқи маълумоти 24.kg, баҳори соли 2019 Қурбонбой Искандаров пас аз муноқиша дар сарҳади вилояти Ботканд аз вазифаи намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон оид ба масъалаҳои марзӣ дар мартабаи муовини аввали роҳбари дастгоҳи девони вазирон бо аризаи пешниҳодшуда озод карда шуд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд. Аз оғози соли 2019 дар сарҳади давлатҳо беш аз 10 низоъ, аз ҷумла, бо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Муноқишаи охир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябр бо истифода аз силоҳ рух дод. Дар натиҷа се низомии Тоҷикистон ва як сарбози Қирғизистон ҳалок шуданд. Ҳамчунин аз ду ҷониб сокинони осоишта ҷароҳат бардоштанд.
Дар ин харитаи интерактивии мо “нуқтаҳои доғ”-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо зикри низоъҳои охир ва сабаби онҳо нишон дода шудаанд. Ҳамчунин дар харита постгоҳҳои назоратӣ зикр шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.