Яке аз корбарони сомонаи Шӯрои уламо бо чунин савол муроҷиат кардааст: «Оё таҷлили иди ошиқон (Валентина) дуруст аст?». Дар посух Шӯрои уламо ҷашни ин рӯзро мухолифи ислом унвон кардааст.
«Иди ошиқон ба дини Ислом ҳеҷ рабте надорад, зеро шариат муоширати маҳрамонаи бе никоҳро манъ кардааст, - қайд мешавад дар посух. - Аз нигоҳи дини Ислом ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурдан аст».
Ҳамчунин хотиррасон мешавад, ки дар дини мубини Ислом ду ид - Иди Рамазону Иди Қурбон аст ва илова бар ин, ҳар рӯзе, ки инсон дар он гуноҳ намекунад, он рӯз низ ид аст.
Рӯзи Валентини муқаддас ё худ Рӯзи ошиқонро санаи 14 феврал дар аксари кишварҳои дунё ҷашн мегиранд. Бештар онро ҷавонон ва ошиқон таҷлил мекунанд. Онҳо ҳамдигарро бо ин рӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳамдигар туҳфаҳои ошиқона ҳадя мекунанд ва аз ишқу муҳаббати худ нисбати ҳамдигар хабар медиҳанд.
Дар бораи шахсияти Валентин сарчашмаҳои зидду нақиз хеле зиёданд. Баъзеҳо мегӯянд, ки Валентин як табиб буд ва барои мардумро бо ким-кадом қувва табобат кардан ба зиндон афтодааст. Дар он ҷо ба духтари посбони зиндон ошиқ мешавад. Аммо онҳо ба висоли ҳам нарасиданд, чун рӯзи 14-уми феврал Валентинро ба қатл мерасонанд. Сарчашмаи дигар чунин мегӯяд, ки Валентин руҳонии римӣ буда, дар нимаи дуюми асри 3 зиндагӣ кардааст. Дар ин давра шоҳ Клавдийи 2 ба сарбозонаш барпо намудани оиларо манъ кард. Ӯ мегуфт, ки «занҳо ба мардҳо халал мерасонанд, онҳо ҷанг кардан намемонанд. Маҳз занҳо гунаҳкоранд, ки мардҳо дар ҷанг шикаст мехӯранд».
Валентин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ошиқонро пинҳонӣ ба ҳам никоҳ мекард. Шоҳ аз ин кораш хабар ёфта, ӯро зиндонӣ кард ва ҳукми қатл дод. Вақти дар зиндон буданаш, посбони зиндон аз ӯ мехоҳад, ки духтари нобинояшро табобат кунад. Валентин он духтарро табобат мекунад. Чун духтар бино мегардад, Валентини ҷавону зеборо дида, ба ӯ ошиқ мешавад. Вале аз он, ки Валентин ҳам ӯро дӯст медорад, танҳо баъди маргаш хабар меёбад. Шаби пеш аз маргаш Валентин ба духтар нома навишта, дар он аз ишқу муҳаббати худ нисбати ӯ хабар медиҳад ва рӯзи 14-уми феврал Валентинро ба қатл мерасонанд.