Дар ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки аъзои комиссия оид ба омодагӣ ба мавсими «Ҳаҷ-2017» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», муовини сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки мақсади асосии ҳукумати ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи ҳаҷи фарзии соли равон мебошад.
Гуфта мешавад, бинобар ин, Кумитаи дин якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардидаанд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон имконияти молиявӣ, шароити зиндагии оилаи зоиринро санҷида вобаста ба адои ҳаҷ дар доираи талаботи дини мубини Ислом қарори дахлдор қабул кунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки инчунин, риояи қатъии тартиби муқарраргардида дар мавриди синну соли зоирин ва фосилаи ҳаҷи такрории шаҳрвандон таҳти назорат гирифта шавад.