Фиреби тарбияти боғбон махӯр...

Ҷавоб ба навиштаи сомонаи “Азия плюс”, ки дар асоси эътирози Манзура Ҷӯраева-роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази таълимии “Мултикид” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоӣ таҳия шудааст

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба навиштаи сомонаи “Азия плюс”, ки дар асоси эътирози Манзура Ҷӯраева-роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази таълимии “Мултикид” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоӣ таҳия шудааст, иттилоъ медиҳад, ки тибқи нишондоди таҳлилҳо имрӯзҳо дар самти тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии  хориҷи кишвар ва дар ин замина, барои фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар хориҷи кишвар баъзе аз муассисаву ташкилотҳо ғайриқонунӣ фаъолият намуда, бе иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти мақомотҳои дахлдор талош меварзанд ва ё бо ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Дар қатори ин гуна муассисаҳо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази таълимии “Мултикид” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешавад. Ташкилоти номбурда новобаста аз он ки аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф огоҳонида шудааст, хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, моддаи 33 ва 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи маориф” амал намуда, барои ба таҳсил фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар саъю талош дошта, дар ин самт бо ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Бояд зикр намоем, ки чунин ҷамъияту марказҳо бе мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар мақомоти дахлдор наметавонанд бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ дар ин самт ҳамкории байналмилалиро ба роҳ монанд.

Фаъолияти ташкилоти “Мултикид” дар самти фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар хориҷи кишвар ва вобаста ба он ташкил намудани намоишгоҳ пурра ғайриқонунӣ буда, ин амал сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт сарфи назар мекунад. Пас, суоле ба миён меояд, ки оё ташкилоте, ки ягон намуди иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолият надорад, метавонад барои баргузории намоишгоҳ ва ё фиристодани донишҷӯён ба хориҷи кишвар саҳм бигирад?

Тибқи қонунгузории амалкунанда раванди таълимро дар дохил ва хориҷи кишвар мақоми ваколатдори давлатӣ назорат менамояд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф – Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаи тиб – Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар соҳаи фарҳанг – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаи кишоварзӣ – Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва монанди инҳо. Аз ин рӯ, ҳуқуқи фиристодани донишҷӯёнро ба хориҷи кишвар танҳо мақомотҳои ваколатдори давлатӣ доранд.

Ҳамзамон, хотиррасон менамоем, ки бо мақсади зери назорат қарор додани раванди таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таъсис дода шудааст ва таҳсили шаҳрвандони кишвар дар хориҷи кишвар тавассути ин марказ ба роҳ монда мешавад.

Инчунин, бо мақсади интихоби ҷавонони лаёқатманд ва таъмини шаффофияти қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шудааст. Айни замон дар хориҷи кишвар ҳазорҳо  донишҷӯёни тоҷик дар 30 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд, ки онҳо тавассути маркази мазкур ва стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”  барои таҳсил фиристода шудаанд.

Бо ин мақсад, тавассути расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла Телевизиони Тоҷикистон садҳо барномаҳои таблиғотӣ пахш шудаанд, ки шаҳрвандон минбаъд барои таҳсил ба хориҷи кишвар ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.

Дар ин ин самт, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тайёр намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар ҳаматарафа тадбирҳо меандешад ва дар доираи созишномаҳои баимзорасидаи байниҳукуматӣ  барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар чораҷӯӣ менамояд.

Дар доираи ин созишномаҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар бештар аз рӯи ихтисосҳои ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарур фиристода мешаванд. Ба ибораи дигар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мушкилоти тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар мустақиман ҳал намояд ва дар ин самт ба фаъолияти чунин муассисаву ташкилотҳо, аз ҷумла “Мултикид” эҳтиёҷ надорад.

Зеро ин гуна муассисаву ташкилотҳо аз рӯи шиори “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!” фаъолият намуда, мақсадашон ба даст овардани суд асту бас. Аз ин рӯ, бо истифода аз фурсат бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки бо такя ба ақлу заковати хеш ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, нисбат ба ҳаёти худу ояндаи фарзандон бетафовут набошанд. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки:

Фиреби тарбияти боғбон махӯр, ай гул,

Ки об медиҳаду гулоб мехоҳад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда “Маркази таълимии “Мултикид” дар Тоҷикистон намоиши таҳсилоти байнулмилалиро доир карданӣ буд, вале кормандони милитсия ба толор даромада, иштирокчиёни он, аз ҷумла намояндагони як қатор мактабҳои олии кишварҳои хориҷиро пароканда карданд.

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ изҳор намуд, ки ин ташкилот барои баргузор намудани чорабинии мазкур аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иҷозатнома надорад.

Дар ҳамин ҳол, Манзура Ҷӯраева, роҳбари «Мултикид», ки созмондиҳандаи ин чорабинӣ буд, қаблан изҳор дошта буд, ки барои баргузор кардани намоиш тамои ҳуҷҷатҳои заруриро дорад.