Тоҷикистон пагоҳ, 8 апрел ба иқдоми бузургмиқёси байнулмилалии таълимии ҳамасола оид ба таҳкими саводнокии «Диктанти фарогир» ҳамроҳ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии «Россотрудничество» хабар доданд, сокинони шаҳри Душанбе диктантро метавонанд дар Маркази илму фарҳанги Русия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон навишта, он соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур дар як вақт дар 10 шаҳри Русия ва кишварҳои хориҷи дуру наздик доир гардида, тариқи шабакаи интернет мустақиман пахш мешавад. Дар ин иқдом тамоми хоҳишмандон, сарфи назар аз синусолу мазҳаб, касбу  кору ақидаҳои сиёсӣ иштирок карда метавонанд.

Шахоне, ки диктант менависанд, метавонанд сертификати нишондиҳандаи сатҳи саводнокии худ аз забони русиро гирифта, афроди ба натиҷаи аъло ноилгардида рӯзи 6 июн дар маросими тантанавии «Рӯзи забони русии Пушкин дар Тоҷикистон» бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Соли 2016 ин иқдом дар 732 шаҳр бо фарогирии 68 кишвар доир гардида, дар он беш аз 145 ҳазор нафар ширкат варзиданд. Иқдом давоми танҳо як рӯз дар саросари дунё гузаронида мешавад.