Аз ситораҳои эстрадаи тоҷик, ки миёнашон Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Манижаи Давлат, Садриддини Наҷмиддин ва дигарон ҳузур доштаанд, дархост кардаанд, ки клипҳои худро ҷиҳати баррасӣ барои намоиш дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ пешниҳод намоянд ва ҳамчунин хабар додаанд, ки акнун онҳо ба иштирок дар чорабиниҳои расмии давлатӣ даъват мешаванд.

Бино ба маълумоти ВАО, дар вохӯрии намояндагони Вазорати фарҳанг ва Кумитаи давлатии телевизиону радио бо овозхонони аз шабакаҳои телевизион барканоршуда ва ҳунармандони ба қавле дар «рӯйхати сиёҳ» ҷойдошта зикр шудааст, ки онҳо акнун имкон доранд ба шабакаҳои телевизион баргарданд.

Дастрасии маълумот аз продюсерон ва иштирокчиёни ин вохӯрӣ дар мавриди ин масъала муяссар нашуд, зеро тибқи маводи дар сомонаи Радиои Озодӣ интишоршуда, ҳамаи онҳоро аз номақбул будани суҳбат бо матбуот оид ба ин мавзӯъ бо ҳушдори дубора ба «рӯйхати сиёҳ» ворид намудан огоҳ кардаанд.

Онҳо ё гӯшии телефонашонро намебардоранд ва ё аз он сӯ посухи кӯтоҳ меояд: «Бидуни шарҳ».

Ин клип 7 июни соли 2016, баъди як рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон нашр шуд. Корбарон аз чунин сарулибоси номуносиби сароянда норозигӣ изҳор карданд. Чун Шабнам аз ин қазия огоҳ шуд, дархост кард, ки аз ҳамаи мухисонаш маъзарат мехоҳад ва зикр кард, ки ин клип ду сол пеш то адои маросисми ҳаҷаш наворбардорӣ шудааст.
Навор аз клипи суруди «Маёзорам»

Ба гуфтаи як манбаъ аз шабакаи телевизиони «Тоҷикистон», раҳбарияти ин шабака дар бораи мавҷуд будани ба ном «рӯйхати сиёҳ», касеро ба шабака баргардонидан ва гузашта аз ин, дархости пешниҳоди клип аз сарояндаҳои эстрада бори нахуст огаҳ мешавад.

Ба савол доир ба сабаби муддати 5-6 сол дар шабакаҳои телевизионӣ пахш нагардидани сурудҳои сарояндагони маъруфу писандида, иттилоъ дода шуд, ки сабаби ягона мутобиқ набудани сурду клипҳо ба муҳтаво (формати)-и шабака аст, зеро суруду клипҳо бемаъниву соддалавҳона буда, дар онҳо меъёрҳои ахлоқу одоб риоя намешавад.

навор аз клипи Садриддини Наҷмиддин
Одноклассники

- Ҳар як суруду клип пеш аз намоиш дар шабака аз санҷиши комиссияи Шӯрои эҷодии назди Кумитаи телевизиону радио мегузарад, ки ба ҳайати он арбобони санъат, оҳангсозон, ҳунармандони мардумӣ ва адибон шомил буда, агар суруди касе дар шабакаи мо намоиш дода нашуда бошад, пас ин айби худи онҳост, чунки ба он манфиатдор нестанд. Бояд ба хубӣ дарк намуд, ки шабакаҳои давлатии телевизион таҷассумгари фарҳангу забон ва таърихи мардуми тоҷик мебошанд , - гуфт манбаъ.

Фарзонаи Хуршед
Одноклассники

Дар назар аст, ки нахустин гала-консерт бо иштироки ситораҳои эстрада Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Манижаи Давлат, Садриддини Наҷмиддин ва боз як зумра овозхонони дигар, ки мустақиман дар шабакаи телевизион пахш мешавад, рӯзи 23 май, дар ҷашни Рӯзи ҷавонон дар пойтахт доир гардад.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2011 (тибқи баъзе маълумот, ин тамоил аз соли 2005 оғоз гардид) намоиши суруду клипҳои чанде аз намояндагони эстрадаи тоҷик (овозхонони маъруфу писандида) дар шабакаҳои давлатии телевизион манъ ва онҳо ба чорабиниҳои расмӣ даъват намешуданд. Ин тасмим (ғайрирасмӣ) аз ҷониби мансабдорони соҳаи телевизион гирифта шуда, суруду клип ва рафтори онҳо дар саҳна намунаи бад барои ҷавонон арзёбӣ шуд.