Тоҷикистон дар рейтинг ё дараҷабандии саховатмандии World Giving Index 2017 мақоми 50-умро ишғол кардааст.

Бино бар иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Бунёди байналхалқии башардӯстонаи Charities Aid Foundation (CAF), 38 дарсади сокинони Тоҷикистон дар шаклҳои мухталиф ба корҳои хайр машғул будаанд.

Гуфта мешавад, дар дараҷабандии соли қаблии World Giving Index Тоҷикистон мақоми 87-ро соҳиб шуда буд.

Зимнан зикр мегардад, ки  соли чаҳорум аст, ки мақоми аввали дараҷабандии мазкурро Мянмар ишғол карда, 91 дарсади сокинони ин кишвар ба саховатмандӣ машғуланд. Дар гузориш омадааст, ки сокинони Мянмар асосан ба роҳибони буддоӣ хайр мекунанд.

Дар мақоми дуюми рейтинг Индонезия ва дар мақоми сеюм Кения қарор доранд. Зинаҳои охирро Марокаш, Латвия, Чин ва Яман ишғол кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.