Як зани пиронсолеро, ки дар мавзеи назди Сирки шаҳри Душанбе садақаталабӣ мекард, кормандони милитсия барои халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ 40 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Як зани сокини ноҳияи Фирдавсӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин зан нафақахӯри яккаву танҳо буда, нафақааш барои харидани доруворӣ намерасад ва маҷбур аст, ки талбандагӣ кунад.

«Ҳамааш хуб буд, ҳеҷ касе ба ӯ коре надошт, вале ҳафтаи гузашта кормандони милитсия ӯро 40 сомонӣ ҷарима карда, огоҳ карданд, ки дигар дар кӯча талбандагӣ накунад. Акнун ӯ аз кӯча баромадан метарсад», - гуфт зан.

Сардори хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар ин робита изҳор намуд, ки «ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ кори рӯзмарраи мо буда, мақомот бо онҳо (талбандагон) корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад, ки ин ҷо ягон навигарие нест».

«Рейдҳо асосан нисбати ҷӯгиҳо гузаронида мешаванд. Онҳо шахсони комилан коршояманд, вале талбандагиро ба касби худ табдил дода, бо ин амал симои шаҳрро коста ва бо талбандагӣ табъи мардумро хира мекунанд», - иброз дошт ӯ.

Номбурда қайд кард, ки бо шахсони пиронсол ва маъюбон дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар ҳолати шароити душвори зиндагиашон, онҳо ба муасссисаҳои махсуси пойтахт фиристода мешаванд.

«Агар кӯдакон дар кӯча ба талбандагӣ машғул бошанд, волидони онҳо мутобиқи қонуни масъулияти падару модарон дар ҳаҷми 3 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 150 сомонӣ ҷарима мешаванд», - зикр кард намояндаи ВКД.

Дар робита ба қазияи зани мушаххас назди сирк Умарҷони Эмомалӣ изҳор дошт, ки «кормандони милитсия ӯро ғайриқонунӣ ҷарима кардаанд ва ӯ тариқи телефони боварии 221-21-21 метавонад ба ВКД муроҷиат кунад, то ки масъала мавриди баррасиву баҳогузорӣ қарор гирад».