Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД шуъбачаи сайёҳии милитсия таъсис дода шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 31 июл бо супориши вазири корҳои дохилӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумат бо иштироки раиси Кумита Нуъмон Абдуғафорзода, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Анварҷон Ализода ва роҳбарони 43 ширкати сайёҳӣ ҷаласа баргузор гардида, дар бораи таъсиси ин шуъбача маълумот дода шуд.

Вазифаҳои шуъбаи сайёҳии милитсия аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон ва ғайра иборат аст.

Гуфта мешавад, зикр гардидааст, ки агар лозим шавад бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд.

Кормандони шуъбачаи мазкур ба донистани якчанд забони хориҷӣ ва муоширати озодона бо онҳо, огаҳии хуб доштан аз имконоти сайёҳии кишвар уҳдадор мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ширкатҳо аз вохӯрӣ бо сохтори навтаъсиси мақомоти корҳои дохилӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки дар оянда ҳамкориро бо ин ниҳоди навтаъсис бениҳоят зич ба роҳ мемонанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.