Се моҳ пеш дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Тоҷикистон шуъбачаи сайёҳии милитсия таъсис дода шуд.

Вазифаҳои шуъбаи сайёҳии милитсия аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон ва ғайра иборат аст.

Мо бо кормандони ин шуъба суҳбат ороста, бо ҷараёни кори онҳо шинос шудем. Маълум шуд, ки дар 6 шуъбаи сайёҳии милитсия дар саросари ҷумҳурӣ 68 нафар нозирон фаъолият дошта, то ин муддат ба беш аз 1100 нафар сайёҳон кумак кардаанд.

“Мутассифона, баъди ҳамла ба сайёҳон дар Данғара меҳмонон барои амнияти худ бештар дар ташваиш шуданд. Аз ин рӯ, ҳозир мо кӯшиш мекунем, ки ҳамеша бо онҳо бошем. Имрӯз беш аз 60 нафар сайёҳон аз Италия, ИМА, Олмон ва Норвегия дар ҷумҳурӣ қарор доранд. Се гурӯҳи сайёҳон ба Помир рафтанд, ки онҳоро кормандони мо ҳамроҳӣ мекунанд, зеро таъмини амнияти меҳмонон барои мо аз ҳама муҳимтар аст”, - мегӯяд роҳбари шуъбаи сайёҳии милитсияи Душанбе, подполковники милитсия Дилафрӯз Каримова.

Ба гуфтаи ӯ, шуъбаи сайёҳии милитсия баҳри кори бештар пурсамар бо зиёда аз 40 ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Дар сурати зарурат ва ҳалли мушкилоти марбут ба қабулу ҳамроҳии сайёҳон меҳмонону сокинони кишвар бо телефони 231 80 36 ва 93 922 78 60 ба шуъба муроҷиат карда метавонанд.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ - Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Бо маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо ворид шудан ба суроғаи зерин шинос шуда метавонед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.