Дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла сомонаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» - www.news.tj дар Тоҷикистон бори навбатӣ қатъ шуд.

Корбарони шабакаи интернет дар Тоҷикистон шикоят доранд, ки аллакай рӯзи дуюм аст, ки ба сомонаҳои иттилоотии “Азия-Плюс” ва Радиои Озодӣ ворид шуда наметавонанд.

“Аз нимаи дуюми дирӯз ба сомонаи “Азия-Плюс” дастрасӣ пайдо карда наметавонам. Сомонаи Радиои Озодӣ чанд рӯз номураттаб дастрас буд, вале имрӯз дастрасӣ тамоман қатъ гашт”, - мегӯяд Норис Шарофов, корбари фаъоли интернет.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз корбарон хабар медиҳанд, ки сомонаи Радиои Озодӣ дар онҳо боз мешавад.

Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи ҳозираи дастрасӣ ба порталҳои иттилоотиро шарҳу тавзеҳ намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, дастрасӣ ба сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ Facebook, ОК, VK ва YouTube имконпазир мебошад.

Дастрасӣ ба сомонаи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳамагӣ чанде пеш, 16 ноябр рӯзи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати якуми нерӯгоҳи Роғун имконпазир гардид. Ҳамон рӯз шабакаҳои писандидаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон низ дастрас шуданд.

Шурӯъ аз тобистони соли равон дастрасӣ ба портали иттилоотии “Азия-Плюс”аллакай се маротиба қатъ мешавад. Қатъи аввал ба муҳлати беш аз ду моҳ ба давраи тафтиши амали террористӣ дар Данғара, ки дар он сайёҳони хориҷиии велосипедрон ба ҳалокат расиданд, рост омад.

Қатъи дуюм 6 ноябр сурат гирифта, 10 рӯз идома ёфт. Ба дархостҳои расмии “Азия-Плюс” операторони мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) хабар медоданд, ки қатъи дастрасӣ аз ҷониби онҳо сурат намегирад.

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар посухи расмии худ ба дархости “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки “аз ҷониби Маркази ягонаи коммутатсионӣ дастрасӣ ба ин сомона қатъ нашудааст”.

Дар ҳамин ҳол, ба идораи “Азия-Плюс” дар бораи сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона ҳеҷ гуна шарҳи расмӣ ё ғайрирасмӣ нарасидааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ба ҷуз Хадамоти алоқа, аз чанде қабл баъзе сохторҳои қудратӣ низ ба қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо дар Тоҷикистон имкон пайдо кардаанд.

Роҳу воситаҳои дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс”

Сомонаи мо бори навбатӣ дастнорас шуд, вале ин маънои онро надорад, ки мо кор намекунему дастнорас ҳастем.

Хабарҳои моро дар саҳифаамон дар Фейсбук бо ин суроға мутолиа карда метавонед: https://www.facebook.com/newstj/https://www.facebook.com/newstj/.

Ҳамаи хабарҳоро метавон дар телеграм-канали мо https://t.me/asiaplushttps://t.me/asiaplus мутолиа кард (обуна ба канал осон аст, ҳамаи хабарҳоро метавон мустақиман аз он хонд, қатъи дастрасӣ ба он дахл надорад).

Агар хостори истироҳат аз сиёсат ва дигар маводи ҷиддӣ бошед, ба Дзен канали мо https://zen.yandex.ru/id/5b518f959a626100a922458a обуна шавед.

Агар хабарҳоро кӯтоҳ бо сурати хуб хонданӣ бошед, ба канали мо дар Инстаграм https://www.instagram.com/asiaplustj/ обуна шавед.

Дар шабакаи Одноклассники низ канали алоҳида дорем: https://ok.ru/asiaplushttps://ok.ru/asiaplus.

Миннатпазирем, ки бо моед!