Ҳамасола волидони ҳудуди 40-50 ҳазор нафар тифлони навзод дар Тоҷикистон саривақт шаҳодатнома дар бораи таваллудро ба расмият намедароранд; шояд боз шумори зиёдтари ҳамсарон бе сабти ҳуҷҷати расмӣ ҳаёти оилавиро оғоз мекунанд. Ояндаи наздик шаҳрвандоне, ки барои саривақт ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо фурсат наёфта буданд, ба мушкилоти ҷиддӣ ва минбаъд низ бо ин сабаб аллакай дар сатҳи муносибат бо давлат ба мушкилӣ дучор меоянд.

Доир ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз доштани низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (низоми САҲШ-ҳо) эҳтимол шаҳрвандони аз ин соҳа фарсахҳо дур низ огоҳ бошанд. Ҳар як шаҳрванди кишвар чандин маротиба аз хизматрасонии САҲШ-ҳои маҳаллӣ истифода намуда, аз рӯи шунидаву таҷрибаи худаш аз сифати онҳо хабар дорад. Чандин маротиба рафтан ба дафтарҳои кории САҲШ, муддати тӯлонии анҷоми расмиёт, зарурати ҷамъоварии шумори хеле зиёди ҳуҷҷатҳо, салоҳиятнокии пасти кормандон ва бисёр омилҳои дигар танҳо нӯги мушкилот дар ин соҳа мебошанд. Дар воқеият бошад, ин низом ба мушкилоти бештар ҷиддитар гирифтор аст, ки аз ҳаллу фасли онҳо натанҳо амнияти ҳуқуқии шаҳрвандон, балки ояндаи давлат низ вобаста мебошад.

Нахуст мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҷумҳурии мо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тобеъ буданд. Соли 2012 низоми САҲШ комилан ба ихтиёри Вазорати адлия дода шуд. Маҳз ҳамин Вазорат дар мавриди баргузории ислоҳот дар низоми САҲШ-и Тоҷикистон ташаббус зоҳир намуд.

Яке аз иқдомҳои аввалини муҳим дар ин самт оғози амалисозии лоиҳаи “Кумаки техникӣ барои дастгирии тақвияти низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон” гардид, ки ҳамроҳ бо дастаи EPOS Health Management таҳия шуд. Ин лоиҳа оғози ташаккули заминаи миллии санадҳои мазкури ҳолати шаҳрвандӣ гардид.

Дарҳол якчанд вазифаҳои муҳимро мебояд иҷро намуд

Ба гуфтаи муовини вазири адлия Шаҳноза Нодирӣ, ки ба масоили сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ масъул аст, барои пурсамар ва ҷавобгӯ будани низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба талаботи шаҳрвандон, якчанд вазифаҳои муҳимро базудӣ иҷро кардан зарур аст.

Аввал, ҳамоҳанг сохтани қонунгузории ҷавобгӯ ба талаботи ташкили Низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дуюм, таъмини низом бо заминаи мукаммали моддӣ-техникӣ, аз ҷумла рақамӣ кардани бойгонӣ (архив) ва сеюм, беҳтар кардани имконоти кадрии кормандони мақомоти САҲШ.

Сурат: Asia-Plus

- Қобили зикр аст, ки низоми САҲШ 1 январи соли 2012 аз тобеъияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият ба ихтиёри низоми Вазорати адлия супурда шуд. Пас аз гузаштан ба ихтиёри Вазорат, мо бо як қатор мушкилоти ҷиддиии марбут ба танзими ҳуқуқии фаъолияти САҲШ, таъмини хеле нокофии моддӣ-техникӣ, имконоти кадрӣ ва ғайра дучор шудем. Дар низоми САҲШ таъминоти моддӣ-техникӣ дар сатҳи нокофӣ қарор дошт. Масалан, аз 68 бахши САҲШ 33 бахш дар биноҳои ба дигар вазорату идораҳо тааллуқдошта фаъолият намуда, 18-тои онҳо дар ҳолати хеле корношоям қарор доштанд, - мегӯяд Шаҳноза Нодирӣ.

Ғайр аз ин, дар баробари имконоти нокифояи кадрӣ, ҳамчунин мушкили таъмин бо шароитҳои зарурии корӣ низ вуҷуд дошт. Норасоии захираҳо барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба пешниҳоди хизматрасониҳои пастсифат ва аҳолӣ боис гардида, эҳтимоли содир шудани ҷиноятҳои коррупсиониро меафзояд.

Дар масъалаи имконоти кадрӣ бошад, дар ин низом камбуди мутахассисон ба мушоҳида расида, кормандони амалкунанда на ҳамеша ба таври кофӣ салоҳиятноканд.

- Мувофиқи басти воҳидҳои корӣ (штатҳо), дар ҳар кадоме аз шуъбаҳои САҲШ ду мавқеи хизматчиёни давлатӣ вуҷуд дорад: мудир ва мутахассис, ҳамчунин ду корманди техникӣ – масъули бойгонӣ (архивариус) ва ҳуҷҷатгузор, ки маошашон аз ҳисоби пардохти хизматрасониҳои иловагӣ тибқи шартнома маблағгузорӣ мешавад. Ду корманди техникӣ аз уҳдаи иҷрои тамоми корҳои зарурӣ намебароянд, лекин бинобар сабаби мавҷуд набудани воситаҳои иловагӣ, зиёд кардани шумори онҳо алҳол ғайриимкон аст, - шарҳ медиҳад муовини вазир.

Дар ҳамин ҳол, низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба аҳолӣ натанҳо тавассути бахшҳои САҲШ, балки тариқи ҷамоатҳо низ хизматрасонӣ мекунад (дар берун аз ҳудуди кишвар ин вазифа ба дӯши муассисаҳои консулгарӣ вогузор шудааст); дар ҷамоатҳо барои сабт котибон масъуланд. Бисёр вақт онҳо таҷрибаи заруриро дар кори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ надоранд ва илова бар ин, ба ҷуз сабт, котибон бояд уҳдадориҳои асосии худро низ иҷро намоянд.

Лекин мавҷуд набудани пойгоҳи ягонаи электронӣ ва тарзи электронии роҳандозии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бешубҳа мушкили асосии тадорукотӣ мебошад.

- Ҳамаи сабти аснодро мо муддати 75 сол нигаҳдорӣ мекунем. Мувофиқи таҳқиқоти БРСММ, ки соли 2017 гузаронида шудааст, дар Тоҷикистон айни замон беш аз 23 миллион сабти аснод нигаҳдорӣ мешавад. Бойгонии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва Душанбе дар бойгонии пойтахт; бойгонии вилояти Суғд дар Хуҷанд ва бойгонии ВМКБ дар Хоруғ нигаҳдорӣ мешаванд. Кор бо ҳуҷҷатҳои бойгонӣ вақти хеле зиёдро талаб намуда, ба носаҳеҳиҳо ва таҳрифкорӣ дар арзёбии вазъи воқеии демографӣ боис мегардад. Гузашта аз ин, замони ҷанги шаҳрвандӣ бисёре аз бойгониҳои САҲШ нобуд карда шуданд ва ҷиҳати барқарор нмудани сабти асноди талафёфта корҳои зиёдеро ба сомон расонидан лозим меояд, - қайд мекунад Шаҳноза Нодирӣ. 

Тарҳрезии давлатӣ чӣ гуна сурат мегирад?

Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҷамъоварии маълумоти марбут ба соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи таваллуд ва вафот дар кишвар машғул аст. Дар ин масъала марказ моҳиятан кори мақомоти САҲШ-ро такрор мекунад, аммо маълумотҳои гирифтаи марказ ва мақомоти САҲШ, ки онҳоро баъдан ба Агентии омори назди президенти Тоҷикистон мефиристанд, аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

- Ба гунаи мисол, мо дар бораи 260 ҳазор нафар тифлони навзод дар як сол маълумот гирифта, мақомоти САҲШ бошанд, танҳо дар бораи 220 ҳазор нафар; дар як сол фарқ байни маълумотҳои мо ба ҳисоби миёна ҳудуди 40-50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, - мегӯяд сармутахассиси Марказ Сафар Сайфутдинов.

Ӯ шарҳ медиҳад, ки сабти таваллуди кӯдак, ки дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд мегиранд – ин ҳанӯз саби асноди ҳолати шаҳрвандӣ нест.

- Тифл ба дунё омада, муассисаи тиббӣ онро ба қайд гирифт. Пас аз ин шаҳрвандон ба мақомоти САҲШ муроҷиат намуда, бар асоси далели таваллуд ва бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ сабти таваллуди шаҳрванд сурат мегирад, - изҳор намуд Сайфутдинов. 

Дар масъалаи гирифтани маълумот дар бораи шумори тифлони навзод Марказ ҳеҷ мушкилие надорад: тифл дар муассисаи тиббӣ ба дунё меояд, ҳамаи маълумот дар бораи модараш аллакай мавҷуд аст, далели таваллуди ӯ сабт ва ба Марказ равона мегардад. Ғайр аз ин, Маркази омор бо низоми электронӣ кор мекунад, ки маълумот дар бораи фаъолияти тамоми соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла доир ба таваллуд низ ба он ворид мегардад. 

- Мушкилот зимни сабт дар мақомоти САҲШ оғоз мегардад, - мегӯяд Сайфутдинов.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ-демографии соли 2017 доиргардида, 9%-и кӯдакони синни то панҷсола шаҳодатнома дар бораи таваллуд надоранд. Барои муқоиса: соли 2012 – 18%-и кӯдакони чунин синнусол шаҳодатнома дар бораи таваллуд надоштанд.

Дар робита ба сабти ақди никоҳ бошад, масалан, дар муқоиса бо соли 2014 дар соли 2015 шумори сабти ақди никоҳ ба андозаи 20% кам шудааст.

Муаллифони таҳқиқот аз эҳтимол дур надонистаанд, ки камшавии шумори ақди никоҳҳои сабтшуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки на ҳамаи шахсони издивоҷкарда тибқи расму оинҳои динӣ онро дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд мегиранд.

Ба гуфтаи Сайфутдинов, тез-тез бо ҳолатҳое дучор омадан мумкин аст, ки шаҳрвандон танҳо баъди пайдо шудани зарурати ба кӯдакистон ё мактаб додан ва лозим шудани шаҳодатнома дар бораи таваллуд дар ин мавридҳо, ба мақомоти САҲШ муроҷиат мекунанд. Номбурда хотиррасон намуд, ки тарҳрезӣ (банақшагирӣ)-и давлатӣ бо назардошти маълумоти гирифтаи шуъбаҳои САҲШ ва сипас равона намудани он ба Агентиии омори назди президенти Тоҷикистон сурат мегирад.

- Аксарияти нишондиҳандаҳо бар асоси шумори аҳолӣ ҳисобу китоб мешаванд, масалан шумори зарурии катҳо дар беморхонаҳо, ҷой дар мактабу кӯдакистонҳо, - мегӯяд Сайфутдинов. – Бар асоси шумори аҳолӣ зерсохтори шаҳру ноҳияҳо ва бисёр чизҳои дигар таҳия мешавад, аз ин рӯ, самаранокии тарҳрезии давлатӣ ба мутобиқати ин маълумот ба воқеият вобаста аст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ба фарқ байни вазъи воқеӣ ва маълумоти гирифтаи Агентии омор ҳамчунин мавҷуд набудани низоми интиқоли маълумот аз муассисаҳои консулгарӣ низ таъсир мерасонад, ки асноди ҳолати шаҳрвандии сокинони Тоҷикистонро, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд, сабт мекунанд.

Мушкилотро чӣ гуна мебояд ҳал кард?

Барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ҳукумат Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2014-2019 қабул кард, ки дар он тамоми масоили рӯзмарра ва муҳим ҷиҳати беҳбуди низом ва роҳу воситаҳои ҳалли мушкилот дарҷ ёфтааст.

-  Ин Барномаи ҳамаҷониба васеъ буда, амалисозии он захираҳои зиёди молиявӣ, моддӣ-техникӣ ва зеҳниро тақозо менамояд.. Бо дастгирии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамдастӣ бо БРСММ, ҳамчунин дастгирии молиявии Агентии рушд ва ҳамкории Швейтсария мо лоиҳаи ҷудогонаи “Дастгирии ислоҳот дар низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”-ро таҳия намудем. Ҳадаф аз амалисозии он такмили низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад. Ин лоиҳаи хеле муҳим ва зарурӣ шуморида мешавад. Мо аз ҳукумати Швейтсария барои дастгириашон хеле миннатпазирем. Ҳамчунин ба Барномаи рушди СММ – ташкилоте, ки ба мо дар амалисозии лоиҳаҳои муҳим кумак мекунад, низ махсусан миннатдорӣ изҳор менамоем, - изҳор мекунад Шаҳноза Нодирӣ.

Ба кор ҷиҳати амалисозии лоиҳа ҳамчунин дигар сохторҳо, пеш аз ҳама Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, Агетии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати кишвар,ҷамоатҳо ва дигар мақомот ҷалб шудаанд. Марҳилаи аввали лоиҳа дар давраи аз моҳи январи соли 2016 то моҳи декабри соли 2019 амалӣ мешавад.

Дар доираи амалисозии он таҳқиқотҳои сершумори низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронида шуда, оид ба таҳияи тагйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ ва дастурамалҳои нав дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Дар таҳқиқот коршиносон қайд мекунанд, ки барои такмили низом ҳаллу фасли масоили дорои хусусияти доимӣ, ҳамчунин бартараф намудани паҳлӯҳои мушкил дар қонунгузории кишвар зарур аст.

Ғайр аз ин, барои амалисозии пурсамари барнома ҳамасола аз ҷониби ҳукумат Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Барнома қабул мешавад.

Ба гуфтаи Шаҳноза Нодирӣ, то имрӯз оид ба такмили қонунгузории танзимкунандаи низоми САҲШ корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, дар назди Вазорати адлия доир ба таҳияи тағйиротҳо ба қонунгузорӣ гурӯҳи кории махсус таъсис дода шудааст. Алҳол ҳамаи тағйирот ва бастаи ислоҳот ба қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ дар марҳилаи лоиҳавӣ қарор доранд.

- Мо ҳарчӣ зудтар қабул шудани онро аз ҷониби парлумони кишвар мунтазирем, - қайд кард Шаҳноза Нодирӣ ва саҳми муҳими парлумонро дар пешбурди ислоҳоти низоми САҲШ дар кишвар, ҳамчунин саҳми Кумитаи миллӣ оид ба нуфус ва рушди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии муовини раиси палатаи поёнии парлумон Хайринисо Юсуфӣ таъкид намуд. Бо ташаббуси вакилон ҳамчунин тағйироту иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “"Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” пешниҳод шуд.

Аллакай тағйиротҳое омода шудаанд, ки аз рӯи қонунгузорӣ ба роҳандозии Низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шароит фароҳам меоранд, зеро дар қонуни амалкунандаи Тоҷикистон “"Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” танзими роҳандозии тарзи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинӣ нашудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки низоми сабти электронӣ ба мақомоти САҲШ барои бепул додани шаҳодатнома дар бораи таваллуд имкон медиҳад.

Шаҳноза Нодирӣ аз суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байнулмилалии соҳибкорон дар соли 2018 ёдовар шуд, ки дар ин маврид чунин изҳори назар карда буд: “Барои таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани низоми иттилоотӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, минбаъд ташкили феҳристи электронии аҳолӣ аллакай тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд ва барои ин аз соли 2019 дар қаламрави Тоҷикистон сабтҳои электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ истифода бурда мешаванд”.

Аз дигаргуниҳо кай метавон интизорӣ дошт?

Аз соли 2019 ҷорӣ сохтани низоми иттилоотии САҲШ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Масъалаи ҷорисозии сабти электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳои бойгонии САҲШ (рақамӣ кардани бойгониҳо) санаи 20 феврали соли 2019 дар ҷаласаи XIX  Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Бо дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенӣи кишвар аз 26 ноябри соли 2018 ҷиҳати таҳияи маҷмӯи чорабиниҳо дар самти ҷорисозии низоми иттилоотии САҲШ, роҳандозии ҳамкории мутақобила байни низоми иттилоотии САҲШ ва дигар низомҳои электронии вазорату идораҳо дар соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ назди дастгоҳ Гурӯҳи байниидоравии корӣ таъсис дода шуд. Дар ин робита бастаи лоиҳаҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия шудааст, ки ба роҳандозии Низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шароит фароҳам меоранд, зеро дар қонуни амалкунандаи Тоҷикистон “"Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” танзими роҳандозии тарзи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинӣ нашудааст.

Шаҳноза Нодирӣ зикр кард, ки масъалаҳои таъмини заминаи моддӣ-техникӣ, ҳамчунин такмили имконоти кадрӣ низ тадриҷан ҳаллу фасл шуда истодааст. Дар баробари ин, баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҳуқуқии аҳолии Тоҷикистон дар мавриди зарурат ва муҳимияти сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар сурати мавҷуд набудани сабти асноди ҳаётан муҳим дар САҲШ оқибатҳои манфӣ ба бор оварда метавонанд, ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба гуфтаи Нодирӣ, дар чаҳорчӯби амалисозии Лоиҳа барои бахшҳои САҲШ таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ шуда, байни кормандон тренингҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Аллакай барои низоми ояндаи иттилоотии САҲШ, ки ба коркарди 80 ҳисоботи оморӣ қодир аст, замина фароҳам оварда шудааст.

- Албатта, давраи гузариш ҳамеша душвор буда, мо дарк мекунем, ки бояд чӣ ҳаҷм корҳоеро ба иҷро расонем. Лекин низоми роҳандозишудаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои давлат ниҳоят муҳим аст. Аввалан, низоми нави САҲШ ба беҳтар кардани сифати пешниҳоди хизматгузориҳо ба аҳолӣ имкон дода, дуюм, мо дар роҳи таъсиси ҳукумати электронӣ қарор дорем ва низоми иттилоотии мо барои ҳамаи низомҳои иттилоотии ҷумҳурӣ асос мешавад, - изҳор намуд Шаҳноза Нодирӣ.

Аҳамияти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба сифати восита ҷиҳати мусоидат ба рушд, аз дастгирии ҳуқуқи инсон то тавсеъаи имконоти иқтисодӣ, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Масалан, низоми роҳандозишудаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) нақши калидӣ бозида, барои пайгирӣ (мониторинг)-и пешбурди ҲРУ истифода бурда мешавад.