Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

Бо қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон аз имрӯз, 6-уми май оғоз гардида, аввалин намози таровеҳ шоми санаи 5 май баргузор шуд. Шаби Лайлат-ул Қадри моҳи Рамазони имсола ба шаби 31 май - 1 июн рост меояд. Иди Рамазон санаи 5 уми июн ҷашн гирифта мешавад.


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.