“Тоҷикфилм” - киностудияи филмҳои ҳунарӣ ва мустаннади тоҷик. Соли 1930 ҳамчун «Тоҷиккино» таъсис дода шудааст. Солҳои 1936—1938 «Тоҷикфилм», 1938—1958 киностудияи муттаҳидаи Сталинобод ва аз соли 1958 то ҳоло киностудияи «Тоҷикфилм» ном бурда мешавад.

Имсол киностудияи “Тоҷикфилм” 89-сола шуд. Мо аз киностудия боздид намуда, бо асобу анҷом, сарулибос ва дигар лавозимоте, ки дар давраҳои гуногун аз онҳо барои наворбардории филмҳо истифода шудааст, аз наздик шинос шудем.

Ҳар кадоме аз сарулибосу асбобҳо бозгӯи филмҳо ва шахсияҳои машҳуранд, ки ин филмҳоро офаридаанд ё дар онҳо моҳирона нақш бозидаанд.

1/28

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.