Боғи “Истиқлолият” бо маҷмааи нав дар қаламрави пушти биноҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ, меҳмонхонаи “Авеста” ва “Кохи Ваҳдат” сохта мешавад. Сохтмони маҷмаа охири соли 2019 оғоз ва дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолият ба итмом мерасад.

“Дар ҷойи сохтмони маҷмаа имрӯз корҳои омодагӣ ҷараён доранд: дар мувофиқа бо соҳибони манзилҳое, ки дар ҷойи онҳо боғи “Истиқлолият” ва маҷмааи нав бунёд мегардад, хонаҳо кӯчонида шуда истодаанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе мавриди истифода қарор додани маҷмааи нави меъмориро ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, ба нақша гирифтааст.

Лоиҳаи маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси шаҳри Душанбе Рустамӣ Эмомалӣ таҳия шуд, ки дар озмуни аз ҷониби ҳукумат эълонгардида ғолиб дониста шуд.

Санаи 11 март бо иштироки сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа аз ин озмун натиҷагирӣ шуд. Ба озмун дар маҷмӯъ 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд.


Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 29 гектар бунёд карда мешавад.

Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ» аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мешавад.

Баландии муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ 121 метрро ташкил медиҳад. Пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгир мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.