Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд, ки бахши телекоммуникатсия, ки сарчашмаи рушди босуръат буд, акнун камтар рақобатпазир ва хеле зиёд мавриди танзим қароргирифта аз ҷониби Хадамоти алоқа шудааст.

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон воридоти сармоягузориҳои хусусиро ба соҳаи телекоммуникатсия боздошта, рушди бозори интернетро дар кишвар маҳдуд месозад, чунин мешуморанд иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ.

“Муддати солҳои зиёд Хадамоти алоқа ба ширкатҳо дар пайвасти фаромарзӣ бо Афғонистон ва васли ноқили оптикиву нахӣ ба Чин монеъа эҷод менамояд, ки хароҷот ба трафикро хеле кам карда, ба беҳтар шудани сифат ва суръати он мусоидат мекард”, - қайд мешавад дар гузориши санаи 30 август нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Мусоидат ба имконоти рушд дар Тоҷикистон”.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки Хадамоти алоқа ба яке аз ширкатҳо барои сохтмони шабакаи нахиву оптикӣ дар Афғонистон иҷоза дода, сипас ин иҷозатномаро бозхонд кардааст.

Онҳо таъкид мекунанд, ки Хадамот ҳамчунин ба ширкатҳои мобилӣ дар бунёди муштараки шабакаи нахиву оптикӣ дар шарқи кишвар барои беҳбуди сифати хизматрасонӣ ва дастрасӣ ба ноҳияҳои ин минтақа низ монеъа мегузорад.

Ғайр аз ин, гуфта мешавад дар гузориш, пас аз таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар соли 2016, ки аз ҷониби “Тоҷиктелеком” идора мешавад, Хадамоти алоқа талаб мекунад, ки ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) ва операторони мобилӣ дар Тоҷикистон ҳамаи трафики интернетро тариқи ин марказ гузаронанд.

Бино бар ин, ҳамаи операторони боқимонда дар ҳолати номусоид қарор гирифтанд, зеро бояд таҷҳизоти аз ҷониби рақиб пешниҳодшударо истифода кунанд.

“Дигар омилҳое, ки хадамоти алоқа онҳоро душвор кард, аз ҷумла иборатанд аз қоидаҳои ба SIM-кортҳо дахлдошта (истифодаи на беш аз ду симкорт бо мавҷудияти чор оператори мобилӣ ва ғайриимкон будани интиқоли рақамҳо), манъи алоқаи байнулмилалӣ бо протоколи Voice over Internet Protocol (VoIP), қоидаҳои танзими савдои чаканаи SIM-кортҳо, назорати дастрасӣ ба Wi-Fi ва кӯшишҳои тибқи қонунгузорӣ муқаррар наудани нархҳои баланд ба SIM-кортҳо”, - қайд мекунанд таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ.

Тибқи маълумоти пешакии Хадамоти алоқаи ҶТ, ки Агентии омор онҳоро овардааст, тӯли 6 моҳи соли равон ҳаҷми даромади операторони миллӣ ва хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба андозаи зиёда аз 6% коҳиш ёфта, даромади соҳа 1 млрд. 233,5 млн. сомонӣ (127,4 млн. доллар бо қурби расмии БМТ)-ро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.