Дар назди Агентии назорати маводи нашъаовар Маркази таълимии кинологӣ фаъолият дорад. Ин ҷо ба сагҳо тарзу усули дарёфти маводи нашъаовар омӯзонида мешавад. Танҳо ҳамин сол сагҳои хизматӣ дар ҳашт амалиёт иштирок карда, беш аз ним тонна маводи мухаддирро ошкор кардаанд.

“Мо онҳоро аз думоҳагӣ омӯзиш дода, аллакай дар шамоҳагиашон ба кор ҷалб мекунем”, - гуфт сарнозир-кинолог Мирзоалӣ Каримов, ки собиқаи 10-солаи корӣ дорад.

Дар маркази таълимӣ бо чор зоти сагҳо - овчаркаи олмонӣ, овчаркаи белгиягии малинуа, спаниели русӣ ва зоти аз ҳама фаъоли кокер-спаниели англисӣ кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.