Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷону саривақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ, аз 11-уми декабри соли равон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муваззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар ҳамаи манотиқи кишвар то соати 19:00 тамдид намоянд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол карда, аз хизматрасониҳои дигари бонкӣ истифода намоянд.

“Ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматгузории бонкӣ дар саросари кишвар то соати 19:00 кор мекунанд, то ки мардум саривақт пулҳои фиристодаро гирифта тавонанд. Шояд рӯзҳои истироҳат ҳам чун дар рӯзҳои истироҳати гузашта бонкҳо кор кунанд”, - хабар доданд ба Азия-Плюс” аз Бонки миллӣ.

Сурат: Asia-Plus

Шуъбаи матбуоти БМТ аз ташкилотҳои қарзӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш кардааст, ба муштариён ва наздикони худ дар давлатҳои хориҷа расонанд, ки дар рӯзҳои наздик ҳангоми интиқолдиҳии маблағҳо аз хориҷа ба Тоҷикистон аз хизматрасонии низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” истифода баранд. Коди “Юнистрим” 12-рақама буда, коди “Контакт” 9-рақама мебошад. Интиқоли маблағҳо тавассути операторони низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст нашудаанд, амалӣ карда намешавад. Минбаъд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ кодҳои 9-рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд..

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.