Дар рейтинги навшудаи Speedtest Global Index аз рӯйи суръати интернет тибқи маълумоти моҳи январи соли 2020 мавқеи Тоҷикистон як зина поин рафт.

Аз рӯйи суръати интернети мобилӣ байни 140 кишвари дунё Тоҷикистон зинаи 133-юмро ишғол мекунад. Дар зинаи охири ин раддабандӣ Фаластин ҷойгир шудааст.

Дар баҳодиҳии суръати интернети ноқилӣ байни 176 кишвар Тоҷикистон мақоми 109-умро касб кардааст. Дар ин раддабандӣ Туркманистон мақоми охирро ишғол кардааст.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти моҳи октябри соли 2019 Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар зинаи 132-юм ва интернети ноқилӣ – дар мақоми 108-ум қарор гирифта буд.

Миёни кишварҳои ИДМ аз рӯйи суръати интернети мобилӣ Қазоқистон зинаи 103-юм, Русия – 96, Қирғизистон – 115 ва Ӯзбекистон – мақоми 132-юмро касб кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.