Маблағи ҳатмии ҳармоҳа барои хизматрасонӣ ба рақам – 80 дирамро худи ширкатҳои мобилӣ пардохт мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин хусус дастури махсус қабул шуда, он аз 1-уми майи соли 2020 мавриди амал қарор мегирад.
“Соли 2015 тасмим гирифта шуда буд, ки маблағи ҳармоҳа барои хизматрасонӣ ба рақам бевосита аз муштариён ситонида мешавад. Имсол тарзи ҷамъоварии маблағи пардохти ҳармоҳа бозбинӣ ва тағйир дода шуд: онро худи ширкатҳо пардохт мекунанд. Чунин қарор баҳри ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолгарон ва сабук сохтани шароити муштариён қабул шуд”, - хабар дод мутахассиси шуъбаи дастгирии ҳуқуқии Хадамоти зиддиинҳисорӣ Наргис Ёдгорӣ.
Ӯ таъкид кард, ки ситонидани маблағи ҳармоҳа барои хизматрасонӣ ба рақам бевосита аз муштариён ба меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” мутобиқ нест.
Аммо дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд, ки худи қарори ситонидани маблағи ҳармоҳа барои хизматрасонӣ ба рақам қонунӣ мебошад.
“Дар бораи пардохти ҳармоҳа барои хизматрасонӣ ба рақам дар моддаи 31-и Қонуни ҶТ “Дар бораи алоқаи барқӣ” сухан меравад ва из ин рӯ, ин қонунист. Лекин дар қонун тартиби ҷамъоварии маблағ зикр нашудааст”, - иброз дошт Наргис Ёдгорӣ.
“Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ операторони алоқа ва истифодабарандагонро, ки таҷҳизоти ниҳоӣ доранд, бо тақсимот ва истифодаи самараноки рақамҳо таъмин менамояд. Рақамҳои алоқаи барқӣ ба операторон ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ дар асоси пардохти пулӣ дода мешавад. Миқдор ва тартиби пардохти истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд”, - омадааст дар моддаи 31-и Қонуни ҶТ “Дар бораи алоқаи барқӣ”.
Ба гуфтаи ӯ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз қарори ситонидани маблағи ҳармоҳа аз муштариён барои хизматрасонӣ ба рақам огоҳ карда шуда буд.
“Соли 2015 бо пешниҳоди Хадамоти алоқа ва иштирокчиёни бозор қарор шуд, ки маблағи пардохти ҳармоҳа аз муштариён гирифта шавад. Он замон ба мо мактуб фиристода, огоҳ карданд, ки маблағи ҳаромоҳаро аз муштариён меситонанд. Дар навбати худ Хадамоти зиддиинҳисорӣ тавсия дод, ки аз ин қарор муштариён 15 рӯз пештар огоҳ карда шаванд”, - посух дод ӯ ба суол дар бораи мувофиқа шудани қарори мазкур.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.