30 нафар табибон дар ихтиёри тоҷикистониён қарор дошта, зимни тамос бо онҳо тариқи рақами бепули 311, дарёфти маълумот доир ба аломату тадбирҳои пешгирии COVID-19 ва посух ба дигар суолҳои зарурӣ имконпазир аст.

ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон” ҳамчун бонки аз лиҳози иҷтимоӣ масъул яке аз аввалинҳост, ки дар роҳандозии хатти фаъол барои тоҷикистониён оид ба масоили ҷории сирояти коронавирус саҳм гузошт.

Бо дастгирии молиявии Бонк дар ҳамдастӣ бо Донишкадаи маълумоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии кишвар ва мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ маркази робитаи шабонарӯзӣ оид ба масоили COVID-19 таъсис дода шуд.

“Хатти фаъол”-и бисёрсоҳавӣ шабонарӯзӣ 24 соат ва 7 рӯз дар як ҳафта тариқи рақами бепули 311 кор мекунад.


Ҳама гуна масъалаи вобаста ба коронавирус

Маркази робита ҳама гуна зангҳоро вобаста ба масъалаи сирояти коронавирус қабул мекунад: одамон метавонанд аз лиҳози вазъи рӯҳӣ машварат пурсида, доир ба аломату тадбирҳои пешгирии COVID-19, вазъи таъмини дорухонаҳо бо дору маълумот дарёфт кунанд ё ба суолҳои мавриди таваҷҷуҳашон дар ин хусус посух гиранд.


Агар ҷавоби суол ба салоҳияти табибон дохил набошад, онҳо фавран онро ба мақомоти марбута ирсол мекунанд. Барои ин амал онҳо бо рақами телефонҳои ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор таъъминанд.

Тавре ректори Донишкадаи маълумоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии ҶТ, доктори илмҳои тиббӣ Муҳиддин Нуриддин қайд кард, барои кор дар марказ махсус мутахассисони ҷавону серғайрат интихоб шудаанд, ки натанҳо ба кори шабонарӯзӣ, балки пешниҳоди маълумоти салоҳиятнок ба шахсони зангзада низ қодиранд.


Қобили зикр аст, ки марказ дар бинои дафтари кории асосии бонк ҷойгир аст: ҳамаи 30 нафар духтурон бо маоши шоиста, 3 вақт хӯроки гарм, нақлиёт ва дигар шароити зарурии аз ҷониби ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон” муҳайёшуда таъминанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.