Соли хониш имсол дар Тоҷикистон ду ҳафта пештар - 17 август оғоз гардид. Бо қоидаҳои нав: доштани ниқоб ва антисептик барои хонандагон ҳатмӣ аст. Дар долон ва ҳавлии мактабҳо барои риоя кардани масофа аломатҳо гузошта шудаанд: кӯдакон бояд байни ҳамдигар якуним метр масофаро риоя кунанд.

1/18

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз моҳи апрел дар робита ба пандемияи Covid-19 толибилмони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба таътил баромаданд. Бо ишора ба муътадил шудан вазъ, Вазорати маориф тасмим гирифт, ки соли нави хонишро аз 17 август оғоз мекунад.

Вазорат итминон дод, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳамаи тадбирҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус риоя хоҳанд шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.