Овозхон Манижа, ки дар озмуни Евровидение-2021 аз Русия намояндагӣ мекунад, аз созмондиҳандагони ҷоизаи Best Style Awards 2021 ва Родион Газманов туҳфаи ғайриодӣ гирифт. Маросими ҷоизасупорӣ чанде пеш дар тарабхонаи Maze баргузор шуд, хабар медиҳад нашрияи passion.ru.

Ба овозхон сагбачаи эҳтимол зоти булли покети амрикоӣ тақдим шуд. Манижа аз ин туҳфаи ногаҳонӣ самимона изҳори тааҷҷуб намуда, бо камоли майл бо сагбача аксбардорӣ кард.

passion.ru

Арзиши чунин сагбача аз 150 ҳазор рубл оғоз гардида, то ба зиёда аз 400 ҳазор рубл расида метавонад.

Дар хабари нашрия гуфта мешавад, Манижа ҳамроҳи модараш Наҷиба Усмонова, ки ба духтараш дар омодагӣ ба озмун кумак карда, ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад, ба маросими ҷоизасупорӣ омадааст.


Бо вуҷуди аз ҷониби на ҳама русиягиҳо пазируфта шудани интихоби Манижа ба озмуни “Евровидение”, овозхон ба изҳороти тунд дар ин хусус аҳаммият надода, бовар дорад, ки ба намояндагии Русия пурра ҳуқуқ дорад. Манижаро натанҳо наздикон, балки бисёре аз ситораҳо, ки миёнашон Алла Пугачева ҳам ҳузур дорад, дастгирӣ карданд.

passion.ru

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.