Дар маҷмааи “Пойтахт” 25 май маросими ифтитоҳи дафтари кории нави маркази фарҳангии American Space боз шуд. Дар ин маросими тантанавӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм шахсан ҳузур дошт.

Дар оғози маросим роҳбари шуъбаи иттилоотии сафорати ИМА дар ҶТ Дэррен Тис ҳозиринро бо суханронии шодбошӣ хайра мақдам гуфт.

Пас аз суханронии ӯ ба ҳозирин навори видео дар бораи кори Марказ намоиш дода шуд, ки дар он бобати  зарурати омӯзиши забони англисӣ ва афзалиятҳои шиносоӣ бо фарҳанги амрикоӣ сухан мерафт.

Сипас худи сафири ИМА суханронӣ кард. Ӯ ба намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи ҷавонон ва ваарзиш барои ҳамкории муфид изҳори миннатдорӣ кард.

Сафири ИМА дар ҶТ Ҷон Майк Поммершайм
Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

- Маркази фарҳангӣ дар Душанбе калонтарин дар Осиёи Марказӣ буда, майдони он 500 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва аз 3 минтақа: технологӣ, китобхона ва минтақаи интернет иборат аст. Аз ризокорон (волонтёрҳо) ва донишҷӯён хеле миннатдорам, ин Маркази шумоост. Кофӣ нест бигӯем, ки ин маркази амрикоист. Марказ бо ибтикори донишҷӯёни тоҷику амрикоӣ, ки ба масъалаи зарурати беҳбуди омӯзиши забони англисӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, таъсис дода шуд. Сафорати ИМА дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ба рушди Марказ саҳмгузорӣ хоҳад кард. Моҳи сентябр барои рушди ин маҷма ду омӯзгорро аз ИМА даъват мекунем.
1/7

Сафир зикр кард, ки имсол Тоҷикистон ва ИМА 30-солагии роҳандозии муносибатҳои дӯстона байни кишварҳоро ҷашн мегиранд.

- Хурсандем, ки дар ин давра ИМА барои рушд ва беҳбуди ҳаёти аҳолӣ 1,8 млрд доллар ба сифаи кумак ҷудо кард, лекин аз ҳама муҳимаш ҷавононанд, ки ояндаи мо мебошанд. Шабакаи марказҳои фарҳангӣ иборат аз ҳашт дафтари корӣ дар шаҳрҳои гуногуни ҷумҳурӣ намунаи хуби ҳамкорӣ барои ҳар ду кишвар аст. Ин Марказ туҳфаи ҳукумати ИМА ба халқи тоҷик аст. Ва аз ҳамин рӯз ин марказро кушода эълон мекунам, - гуфт Поммершайм.
1/16

Дар фарҷоми чорабинӣ Ҷон Майк Поммершайм ва муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Салоҳиён Муҳаммаддовуд Қаюм бо дастфишории муштарак ба фаъолияти Марказ расман ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Ба гуфтаи ҳамоҳангсози American Space Фирӯза Егбекова, дар Марказ дарвоқеъ ҳам барои ҳамаи хоҳишмандон имконоти зиёд дода мешавад.

- Нисбат ба ҷойи пешина дафтари кории нав имконоти зиёдтар дорад, ки шахсон метавонанд аз он бо мақсади инкишофи шахсии худ, беҳтар кардани донистани забони англисӣ, аз ҷумла гуфтугӯ бо ин забон истифода кунанд. Дар доираи тавсеъаи барномаҳои мо низ имконоти зиёд ҳаст, аз ҷумла акнун мо метавонем аз 11 то 28 июн чорабинии бузургеро чун Go Viral-и Осиёи Марказӣ баргузор намоем.

Ғайр аз ин, ин тирамоҳ баргузории ҷашнвораи Душанбе дар назар аст. Ҳамчунин зикр каарданиам, ки мо биноямонро барои ҳамаи ҷавонон ба истифодаи озодона медиҳем, то ки онҳо забондонии англисиашонро беҳтар намуда, аз ҳамаи захираҳои Марказ – компютеру китобҳо истифода баранд ва дар чорабиниҳои муфид иштирок кунанд, - илова кард Егбеков.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.