Дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҶДММ “Биржаи меҳнати муҳоҷирон” таъсис дода шуд.

“Ҳадаф аз таъсиси ин корхона тавсеъаи амалисозии ҳадафҳои оинномавии Иттифоқҳои касаба аст”, - мегӯяд раиси Иттифоқ Маликшо Неъматзода.

Гуфта мешавад, Федератсия дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои иттифоқи касабаи кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи муҳоҷират ҳамкорӣ мекунад.

“Ин ба Биржа имкон медиҳад, ки бо шарикони хориҷӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони корӣ ва сафарбарсозии муташаккили онҳо ҳамкории муфид ба роҳ монад”, - бар ин назаранд дар Иттифоқҳои касаба.

Директори Биржа Юлдош Эшов таъкид месозад, ки таъмини шуғли шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар бо кор, инчунин ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии муҳоҷирони корӣ аз ҷумлаи ҳадафи аслии таъсиси он ба шумор меравад.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматов (аз рост) ва директори Биржаи меҳнати муҳоҷирон Юлдош Эшов

Тибқи маълумоти гуногун, зиёда аз 1 млн нафар аҳолии коршоями Тоҷикистон асосан дар Русия ва дигар кишварҳо дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд 741 млн долларро ташкил дод, ки ба 23%-и ММД-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта бо сабаби баста шудани сарҳадҳо бар асари пандемия ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони Русия қариб ба андозаи 33% кам шуд.

Мувофиқи пешгӯйиҳои Бонки ҷаҳонӣ, давоми солҳои 2021-2022 суръати рушди иқтисоди ҷаҳон ба барқароршавӣ оғоз намуда, дар ин росто, аз афзоиши ҳаҷми интиқоли пул ба кишварҳои сатҳи даромадашон паст, ки Тоҷикистон ҳам ба ин саф мансуб аст, интизорӣ меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.