Сокинони дигар ноҳияҳо ба Хоруғ омада, шабона дар кӯчаҳои шаҳр навбатдорӣ роҳандозӣ шудааст.

Сокинон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки теъдоди низомиён дар Хоруғ зиёд шуда, миёни мардум дар бораи эҳтимоли баргузории амалиёти махсус дар шаҳр овозаҳо паҳн мешаванд.

“Низомиён дар шаҳр бисёранд. Вазъият чунон муташанниҷ аст, ки аз иҷозаи ба мактаб рафтани фарзандон ҳарос дошта, намедонед, ки чӣ мешавад. Одамон дар кӯча бо силоҳанд, тарсовар аст”, - гуфт як зани сокини Хоруғ.

Ба гуфтаи вай, дастнорас будани интернет ва огаҳӣ надоштан аз рӯйдодҳои берун аз ҳудуди вилоят, назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин вазъият дар мардум эҳсосеро пайдо кардааст, ки онҳо бо мушкилоти худ яккаву танҳо мондаанд, “аз ин рӯ, мардон шабонарӯзӣ навбатдорӣ карда, занон барои онҳо ва кӯдакон дар ҳаросанд”.

Тавре ки манбаъҳои “Азия-Плюс” хабар медиҳанд, чанд рӯз пеш вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи эҳтимоли баргузории амалиёти махсус хабар дода, гӯиё талаб кардааст, ки собиқ фармондеҳи саҳроӣ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ва боз 6 нафари дигар, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шаванд.

Пайвандони пешвои ғайрирасмӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз сохторҳои қудратӣ ба яке аз духтарон ва ҳамсари Муҳаммадбоқиров занг задаанд, то ки ӯро ба таслимшавӣ водор созанд.

Айни замон тавре ки манбаъҳои “Азия-Плюс” хабар медиҳанд, байни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, вазири корҳои дохилӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ оид ба ҳалли масъала гуфтушунид ҷараён дорад. Аз ҷумла ходимони дини шаҳр бо онҳо вохӯрда, дархост намудаанд, ки амалиёти вижа баргузор карда нашавад.

“Вазир ба онҳо гуфтааст, ки бигзор аққалан ба ҷойи Боқир 6 нафарро супоранд, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, ба ӯ бошад, ҳамагӣ ҷарима таъин мешавад. Боқир ба ин розӣ набуда, мегӯяд, ин корро намекунад, то ки барои ӯ дигаронро зиндонӣ кунанд. Мегӯяд, розӣ аст, ки назди қонун ҷавоб гӯяд ва дар маҳбас нишинад, агар гуноҳи ӯ исбот шавад ва агар гунаҳкорон дар рӯйдодҳои Хоруғ низ, бахусус шахсони гунаҳкор дар марги Зиёбеков низ ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд”, - хабар медиҳанд манбаъҳо аз Хоруғ.

Сисёсатшиноси русиягӣ Андрей Серенко низ дар шабакаи телеграммаш бо истинод ба манбаи худ дар ин бора хабар дода, зикр кардааст, ки баъди аз ҷониби Муҳаммадбоқиров рад шудани ин пешниҳод, сохторҳои қудратӣ ба ӯ гӯиё боз як ҳафта муҳлат додаанд.

Сокинони маҳаллӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки чанд рӯз пеш ба шаҳри Хоруғ омадани сокинони ноҳияҳои наздик ва дурдасти вилоят оғоз шудааст.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ овозаҳоро дар бораи баргузор намудани амалиёти вижа дар  Хоруғ рад карданд.

Ба гуфтаи сухангӯи ин ниҳод Нусратулло Маҳмадзода, ин гуфтугузор беасос аст. “Дар бораи баргузории амалиёти махсус дар Хоруғ ҳеҷ нақшае нест ва ҳамаи ин овоза мебошад. Инчунин маълумот дар бораи ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа фиристодани низомиён беасос аст”, - гуфт ӯ ба “Азия-Плюс” рӯзи 7 феврал.

Ба савол дар бораи воқеъан ҳам дар Хоруғ қарор доштани вазири корҳои дохилӣ ва вохӯрии ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, сухангӯи вазорат посух дод, ки дар ин бора маълумот надорад.

... Дар ҳамин ҳол, дар шабака муроҷиати Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров нашр шудааст, ки дар он ӯ мегӯяд, ба пеши сардори маориф (ӯро ба лату кӯби ин мансабдор муттаҳм медонанд)  барои маслиҳат даромада ва фаҳмондааст, ки "зиёда аз ду моҳ шуд , ки ту кори худро монда, муаллимонро нисбати ман барои додани интервю ва бадном кардани ман равона мекунӣ”.

Ӯ итминон медиҳад, ки вобаста ба ин масъала чанде аз омӯзгорон ба ӯ муроҷиат кардаанд.

Занони зодагони Бархоруғ - маҳаллаи зодгоҳи Муҳаммадбоқир ба ҷонибдории ӯ муроҷиат карда, аз мақомот дархост намуданд, ки ба баргузории амалиёти махсус роҳ надиҳанд.

Рӯйдодҳои ВМКБ-ро дар ҷаҳон пайгирӣ доранд

Ба вазъият дар ВМКБ нашрияи маъруфи бритониёии “The Gardian” вокуниш нишон дода, зери унвони “Мо ҳақиқат мехоҳем. Оилаҳои помириёни этникии дар Тоҷикистон кушташуда дар партави шиддатгирии вазъ ба адолат даъват мекунанд” (Мы хотим правды. Семьи этнических памирцев, убитых в Таджикистане, призывают к справедливости на фоне роста напряженности”) мавод нашр кард.

Вобаста ба рӯйдодҳои моҳи ноябри соли гузашта нашрия гуфтаҳои узви парлумони Аврупо Виола фон Крамонро овардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки Иттиҳоди Аврупо масъалаи имкони дархостро доир ба пешниҳоди маълумот дар бораи рӯйдодҳои моҳи ноябр дар ВМКБ баррасӣ дорад.

Ҳамчунин ба рӯйдодҳо Мариус Фассум, намояндаи Кумитаи Норвегии Хелсинки низ вокуниш нишон додааст. Ин созмони ғайриҳукумативу ғайритиҷоратист, ки риояи муқаррароти ҳуқуқи башари САҲА-ро дар ҳама кишварҳои онро имзокарда назорат мекунад.

“Аз Хоруғ хабарҳои ташвишовар мерасанд. Мақомоти тоҷик набояд ба хунрезӣ ва авҷ гирифтани хушунат роҳ диҳанд”, - навиштааст ӯ дар Twitter-и худ.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.