Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати Маскав барои корфармоҳо ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳр ва вилояти Маскав кор кардан мехоҳанд, сомона роҳандозӣ намуд, хабар додааст вазири ҳукумати Маскав, роҳбари Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳр Мария Багреева.
Тавре ки шаҳрдории Маскав хабар медиҳад, ба гуфтаи ӯ, сомона барои хидматрасонӣ оид ба сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирон боз шудааст.
“Бо ёрии он муҳоҷирон тариқи реҷаи онлайн метавонанд аз хидматрасониҳои маҷмӯавии таъмин бо ҷойи корӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав, аз ҷумла гузаштан аз суҳбат ва корфармоҳо - аз пайдо кардани кормандони соҳибтахассус аз шумори шаҳрвандони хориҷӣ тибқи дархосташон истифода баранд”, - иброз доштааст Багреева.
Дар назди марказ ҳамчунин замимаи мобилӣ роҳандозӣ шудааст, ки ба туфайли он муҳоҷирон имкон доранд пешакӣ ва дар вақти қулай худро барои қабул ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират номнавис намуда, хидматрасониҳои гирифтани патенро пардохт намоянд ва таърихи пардохтҳои худро дар смартфон ҳифз кунанд.