Аз боло бурдани таърифаҳо (тарифҳо)-и барқ то моратория ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ; аз қабули консепсияи таъсиси ҷойҳои нави корӣ то болоравии ҷаримаҳо.

Ҳамаи ин қарорҳои ҳукумат барои тағйири ҳаёти мо пешбинӣ шудаанд - аз беҳбуди некӯаҳволӣ то бад шудани шароити зиндагӣ. Дар ҳамин бора сухан меравад.

Болоравии маошу нафақа

Аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати ҳадди аққал (минималӣ) ба андозаи 50% зиёд карда шуда, ҳаҷми он 600 сомониро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, аз оғози сол маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25%, инчунин музди меҳнати хидматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияи донишҷӯён 20% зиёд карда шуд.

Сурат: Asia-Plus

Нафақаи кӯдакони ятим ва нимаятим (дар робита ба маҳрум шудан аз саробон) 25% афзуд: аз ҳаҷми нафақаи ҳадди аққал аз рӯи синнусол.

Сабукиҳои андоз

Аз 1 январи соли 2022 Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифт. Ба он барои соҳибкорон ва сармоягузорон бо мақсади суръат бахшидан ба саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ, сабукиҳои иловагӣ ворид карда шуданд.

Аз ҷумла миқдори андозҳо аз 10 то 7 адад кам шуд, ААИ аз 18 то 15%, андоз аз хидматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо аз 18% то 7%, андоз аз фурӯши маҳсулоти кишоварзии ватанӣ аз 18% то 5% поин рафт.

Дар бораи таъсиси ҷойҳои нави корӣ

Соли 2022 дар Тоҷикистон “Консепсияи рушди шуғли истеҳсолӣ барои давраи то соли 2040” таҳия шуд.

Дар назар аст, ки аз ҳисоби рушди соҳаи хидматрасонӣ, аз ҷумла бахшҳои сайёҳӣ, молия ва кори бонкӣ, нақлиёт, алоқа ва дигар соҳаҳо то 200 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад.

Як қатор ширкатҳои машғули кор дар сохтмони неругоҳи “Роғун”, корҳои таъмиру навсозии дигар неругоҳҳои барқӣ, ширкатҳои сохтмон аллакай дар маҷмӯъ аз ҳудуди 10 ҳазор ҷойи кории холӣ бо маоши на камтар аз 2 ҳазор сомонӣ хабар доданд.

Сурат: Asia-Plus

Нафақа барои муҳоҷирон

Тоҷикистон дар ниҳояти кор дар мавриди таъини нафақа ба муҳоҷирони корӣ бо Русия ба созиш расид. Шартномаи дахлдор моҳи сентябри соли 2021 аз ҷониби сарони ҳар ду кишвар ба имзо расид.

Охири моҳи май Русия аз Созишнома дар бораи кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони ИДМ дар соҳаи таъмин бо нафақа хориҷ шуд.

Акнун Русия ният дорад, ки ба шаҳрвандони дигар кишварҳо бар асоси созишномаҳои дуҷониба нафақа таъин кунад. Чунин созишнома бо Тоҷикистон имзо шудааст.

Сурат: Asia-Plus

Дигар табъиз аз байн меравад

Моҳи июн дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул шуд.

Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар шарҳи қонуни мазкур изҳор намуд, ки мутобиқи он, “ҳар шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки мавриди табъиз қарор гирифтаанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон муроҷиат намоянд, инчунин ба ҷуброни муносиб, одилона ва (ё) қонеъкунанда барои ҳар гуна зараре, ки дар натиҷаи табъиз расонида шудааст, ҳақ доранд”.

Бор нахуст дар доираи лоиҳаи қонун аввалин бор мафҳумҳои нав, ба монанди табъиз табъизи бевосита ва бавосита, таъқиби ҷинсӣ, сегрегатсия (ҷудокунӣ), ҳимоя аз виктимизатсия (ҷараёни иҷтимоӣ, ки дар он шахс ба ҷабрдида табдил меёбад), медиатсия (миёнҷигарӣ), тамға ҳамчун намуди табъиз истифода шудаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шакли табъиз муқаррар, ки аз ҷумла экспертизаи зидди­табъизии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мегузаронад.

Манъи маҳсулоти ғайритамокуи бедуд

Бо қарори сардухтурӣ давлатии санитарӣ аз 21 октябри соли 2022 дар Тоҷикистон воридот, истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоти тамоку ва ғайритамокуи бедуд, снюс, ба истиснои нос манъ карда мешавад.

Plus

“Дар айни замон ин навъи маҳсулот сертификатсия нашудааст ва ба таври ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад”, - изҳор дошт муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Абдухолиқ Амирзода пас аз қабули қарор.

Ӯ таъкид дошт, ки ба гунаи мисол, дар як қуттӣ снюс он миқдор никотинест, ки ба се қуттии сигор баробар аст.

Моратория ба санҷишҳо

Бо мақсади аз ҷониби давлат дастгирӣ шудани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам сохтани шароитҳои мусоид баҳри ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои корӣ ва кам кардани санҷишҳо, бо амри президент тамоми сол манъ ба ҳама гуна гавъи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ амал кард.

Он то 1 январи соли 2023 эълон карда шуд.

Боҷу ҷаримаҳо қимат шуданд

Аз 1 январ ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб 6,7% - аз 60 то 64 сомонӣ зиёд карда шуда буд. Нишондиҳандаи мазкур барои ҳисоби баъзе боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчуин ҷарима ва пардохтҳои иҷтимоӣ истифода мешавад.

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб ҳамасола боло бурда мешавад.

Соли 2022 боҷи давлатӣ барои додани шиносномаи хориҷӣ ё дароз кардани муҳлати он, аз 90 то 96 сомонӣ зиёд шуда, соли 2022 барои гирифтани раводид (виза)-и чандкарата ба ҷои 120 сомонӣ 126 сомонӣ пардохт мекарданд.

Соли 2023 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб то 68 сомонӣ боло меравад. Мутаносибан боҷу ҷаримаҳо ҳам боло мераванд.

Гароншавии неруи барқ

Аз 1 октябр нархи неруи барқ барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон ба ҷуз ҶСК “Ширкати алюминии Тоҷикистон” боло рафт.

Солҳои пеш арзиши неруи барқ ва гармӣ ба ҳисоби миёна 15% боло бурда мешуд.

Болоравии нарху нерӯи барқ ​​то андозае ғайричашмдошт буд, зеро ҳукумати кишвар дар моҳи марти соли ҷорӣ нақшаи зиддибӯҳрониро қабул карда, дастур дода буд, ки то охири соли 2022 “болоравии нархи хизматрасониҳои коммуналӣ (таъминот бо барқу гармӣ ва об), боркашонӣ бо нақлиёт, хидматрасониҳои тиббӣ ва таълимӣ  ба таъхир гузошта шавад.


Таърифаҳо (тарифҳо)-и неруи барқ то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва минбаъд ҳамасола боло бурда мешуданд.

Ба сурати умум, арзиши неруи барқ барои аҳолӣ тайи даҳсолаи ахир 2,5 баробар - аз 9 дирам барои 1 киловатт-соат дар моҳи январи соли 2010 то 26,51 дирам (2,6 сент) дар соли 2022 боло рафт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.