Барфи зиёде, ки рӯзҳои 10-11 январь борид, ба сохторҳои хидматрасонии шаҳру нақлиёт душвориҳои зиёде пеш овард, вале ин барои коргарони соҳаи кишоварзӣ нафъовар аст.

Профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Сайдалӣ Гулов бар ин назар аст, ки ин барфро барои тайёр кардани растаниҳои боғӣ барои ҳосили хуб гирифтан истифода бурдан лозим аст.

Ба гуфтаи олим, барои аз навдаҳо тоза кардани тамоми барф дарахтонро аз ҳад зиёд ларзондан лозим нест, зеро он гармиро нигоҳ дошта, барои зимистонгузаронии дарахтони боғҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Агар дарахтҳо бо барф гармиро хуб нигоҳ доранд, ба ҳар гуна сармо тоб хоҳанд овард. Барфро дар атрофи танаи дарахт ҷамъ кардан лозим аст, то он аз бедоршавии барвақт муҳофизат карда шавад.

Яхобмонии зимистона барои нест кардани ҳашароти зараровар ёрӣ мерасонад.

Ба ақидаи олими Пажуҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, барф ҳадяи бебаҳо барои кишоварзони тоҷик аст.

“Ин барф мисли доруест барои кишоварзони машғули кишти зироатҳои лалмӣ. Пас аз боридани барф замин нарм шуда, коркарди он осон мешавад, ки ин барои деҳқонони машғули кишти зироати ғалладона хеле фоиданок аст, - мегӯяд олим. - Барфи борида киштзору дарахтонро аз таъсири тӯфони чангу ғубор ва ифлосиҳои зарарнок тоза карда, ҳаво тоза шуд, ки ин ба вазъи солимии одамон, ҳайвонот ва растаниҳо таъсири хуб мерасонад. Аз лиҳози иқтисодӣ бошад, киштзорҳое, ки аз хушксолӣ зарар мебинанд, намии заруриро гирифта, деҳқонон дар обёрӣ сарфа мекунанд».

Қурбоналӣ Партоев тавсия медиҳад, ки дар вақти об шудани барф гирду атрофи дарахтонро чуқур кофта, камаш 20-30 литр об рехтан лозим аст.

Фермер аз шаҳри Турсунзода Бахтиёр Қурбоналиев мегӯяд, барф ба боғу киштзорҳо таъсири мусбат мерасонад: ҳашароти зараррасон нобуд шуда, дарахтон ба хоби зимистона мераванд ва коркарди заминҳо бо техника хеле осонтар мешавад.

Барф доруест барои растаниҳо
Сурат: Asia-Plus

Тайи 5 соли ахир зимистони бебарф дар Тоҷикистон боиси нигаронӣ шудааст, зеро бинобар нарасидани намӣ дар замин, барои ба даст овардани ҳосили начандон зиёд зарурати дубора коштани ғалла ба вуҷуд меомад, то ки хароҷоти техника бароварда шавад.

Олимҷон Вафоев, боғдор аз Шаҳринав зикр кард, ки обёрии зимистонӣ кирми ҳашароти зарарнокро, ки дар зери замин, дар атрофи решаи растаниҳои киштшуда худро осуда ҳис мекунанд, мекушад. Оби ях ба ҷойҳои ҷамъшавии кирми ҳашароти зарарнок даромада, онҳоро мекушад.

Фоидаи дигари обмонӣ дар зимистон дар он аст, ки он бедоршавии дарахтони мевадиҳандаро бозмедорад. Агар онҳо яхоб дода нашаванд, метавонанд бармаҳал гулҳояшон шукуфанд ва агар минбаъд ҳам хунук шавад, ҳосил талаф меёбад.

Боз як фоидаи дигараш дар он аст, ки яхобмонӣ намнокиро дар хок нигоҳ медорад. Ғайр аз ин, намак ва моддаҳои кимиёвие, ки аз мавсими гузашта ҷамъ шуда буданд, ба замин чуқуртар даромада, ба ҳосили нав зарар намерасонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.