Дар шаҳри Душанбе истифода аз интернет тариқи Wi-Fi дар як қатор боғу марказҳои хидматрасонӣ ва инчунин автобусҳо имконпазир аст.
«Мегафон Тоҷикистон»
Минтақаи «MegaFon Green Wi-Fi» дар Душанбе дар боғҳои «Боғи Рӯдакӣ», «Куруши Кабир», «Кӯли ҷавонон», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Фирдавсӣ» кор мекунад.
Ғайр аз ин, дар мавсими гармо Wi-Fi-минтақаи муваққатӣ дар “Кӯли Душанбе” - калонтарин маҷмааи фароғатӣ дар об ва дар аквапарки “Делфин” фаъол мешавад.
То ин боғҳо бо автобусҳои №№8, 3, 43, 2, 4 рафтан мумкин аст, ки дар онҳо низ Wi-Fi кор мекунад.
Вариантҳои истифодаи «Green Wi-Fi»-ро худи муштарӣ интихоб мекунад. 10 дақиқа дар ҳар 12 соат дастрасӣ ба шабака бепул аст. Агар ин кам бошад, метавон яке аз се бастаи пулакиро пайваст кард. Муҳлати амали онҳо – 10, 30 ё 60 дақиқа, нарх – мутаносибан 1, 2 ё 3 сомонӣ.
Маҳдудият аз рӯи трафик дар Wi-Fi-минтақаҳои МегаФон пешбинӣ нашудааст.
Мебояд гуфт, ки Wi-Fi аз ширкат пас аз анҷоми расмиёти иҷозатдиҳии ҳатмӣ (авторизатсия) дастрас аст. Ҳангоми ворид шудан ба Интернет, шумо бояд шартҳои қарордоди корбарро қабул кунед, рақам ва рамзи дар SMS гирифташударо ворид кунед. Пас аз ин, шумо метавонед бастаи дилхоҳро интихоб кунед ва ба назар гиред, ки дастрасии ройгон аз тамошои таблиғ (реклама) оғоз мешавад.
Ҳангоми харидани ду ва зиёда бастаҳо, мӯҳлати амали онҳо ҷамъбаст карда мешавад.
Пардохт бо якчанд тарз имконпазир аст: бо ёрии “Ҳамён” (Кошелёк) дар замимаи «МегаФон Life», корти бонкии «Корти милли» ё тариқи терминалҳои «Ҳумо».
«Вавилон-Т»
Ширкат нуқтаҳои бепулро дар боғҳои «Наврӯзгоҳ», «Нишони давлатӣ», «Парчами миллӣ» пешниҳод мекунад. Ҳамчунин ширкат чунин нуқтаҳоро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, маркази савдои «Ашан» ва дар бинои Иттифоқи нависандагон - рӯбарӯи МС “Баракат” (собиқ Путовский) насб кардааст.
Дар ҳар кадоме аз нуқтаҳо ширкат суръати 100 мбит/сония бо вақти номаҳдуд пешниҳод мекунад. Wi-Fi «Вавилон-Т» дар нақлиёт нест.
Барои дастрасӣ ба нуқтаҳои ширкат дар дастгоҳи насби Wi-Fi «Вавилон-Т»-ро интихоб кардан лозим аст. Ба ҷойи рамз (парол) рақами телефони худро ворид намудан зарур аст. Ба он коди дастрасӣ меояд.
Tcell
Дар Душанбе айни замон шумо ба шабакаи Tcell Wi-Fi дар боғҳои: «Ҷавонон», «Куруши Кабир» ва «Умари Хайём» пайваст шуда метавонед. Ғайр аз ин, дастрасӣ ба интернет тариқи Wi-Fi дар 60 автобуси ҷамъиятӣ дар хатсайрҳои №№3, 8 и 18 мавҷуд аст.
Ҳамчунин нуқтаи Wi-Fi-и бепулро метавон дар марказҳои хидматрасонии ширкат дар Рӯдакӣ, 9, Гулистон, Саховат, Садбарг, Донишгоҳи омӯзгорӣ (Пединститут) ва 9-ум километр пайдо кардан мумкин аст.
Дар ин нуқтаҳо ҳамарӯза ба муддати 20 дақиқа метавон аз интернет истифода бурд ва сипас шумо метавонед то охири рӯз (то 23:59) бастаҳои пулакӣ харед.
Дар минтақаи амали Wi-Fi-и шабакаи Tcell шумо метавонед бастаҳо барои дастрасӣ ба интернет барои вақти барои шумо лозимро фаъол кунед:
10 дақиқа бо суръати то 4 Мбит/сония - 1 сомонӣ
30 дақиқа бо суръати то 3 Мбит/сония - 2 сомонӣ
1 соат бо суръати то 2 Мбит/сония - 3 сомонӣ
2 соат бо суръати то 2 Мбит/сония - 5 сомонӣ
ZET-MOBILE
ZET-MOBILE дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе 45 Wi-Fi-роутер насб кардааст, ки мусофиронро бо интернети бепул таъмин мекунанд.
Барои истифода аз Wi-Fi дар автобус онро дар смартфон, планшет ё ноутбуки худ фаъол кардан лозим аст. Дар саҳифаи истиқбол ба корбарон пешниҳод мекунанд, ки барои гирифтани коди дастрасӣ рақами телефони мобилиро ворид намоянд. Ин амал барои муштариёни ҳамаи ширкатҳои мобилӣ дастрас аст.
Ҳар кадоме аз мусофирон се бор ба Wi-Fi пайваст шуда метавонад. Яъне зимни пайваст шудан шумо 20 дақиқа Интернет доред ва бо тамом шудани он, шумо ба таври автоматӣ аз он маҳрум мешавед. Пас аз ин шумо метавонед бори дигар ба муддати 20 дақиқаи дигар пайваст шавед. Дар як нақлиёт метавон дар як рӯз на зиёдтар аз як соат аз интернет истифода бурд.
Wi-Fi ZET-MOBILE дар автобусҳои №№8, 3, 4, 43 дастрас аст.
Дар ширкатҳои мобилии O Mobile ва «Анор» ҳоло чунин нуқтаҳои ҷамъиятии дастрасӣ ба Интернет мавҷуд нест.