Дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 490 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ин нишондиҳанда қариб аз се як ҳисса зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 630 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсадҳои гуногун (сафари корӣ, истироҳат ва ғайра) аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки 34% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Вуруди бештари хориҷиён аз кишварҳои зерин ба қайд гирифта шудааст:

аз Ӯзбекистон (413 ҳазор нафар), Русия (151 ҳазор), Қазоқистон (15,5 ҳазор), Чин (8,6 ҳазор), Туркия (5,3 ҳазор), ИМА (4,3 ҳазор), Эрон (2,7 ҳазор), Афғонистон (2,4 ҳазор).

Теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки дар нимсолаи аввал ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ рафтаанд, зиёда аз 1,6 млн нафарро ташкил додааст, ки 40 зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 240 ширкати сайёҳӣ фаъолият кардаанд.

Дар ҷумҳурӣ 185 меҳмонхона, аз ҷумла 5-то панҷситорадор, 20-то чорситорадор, 14-то сеситорадор, 4-то дуситорадор, инчунин 1 меҳмонхонаи дараҷаи аввал ва 140 меҳмонхонаи бедараҷа фаъолият доштанд.

Ҳамчунин дар кишвар 27 хостелу мотел (ҷойи хоб ва меҳмонхонаҳои хурд), 5 осоишгоҳ ва лагерҳо барои кӯдакон, 52 осоишгоҳ, 7 маркази фароғату солимгардонӣ, 6 хонаи истироҳат, 1 кемпинг ва 3 пойгоҳ (база)-и сайёҳӣ амал мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мутахассисон сайёҳиро дар баробари соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва гидроэнергетика яке аз бахшҳое медонанд, ки дар оянда баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати зиёд карда метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.