ВКД Русия лоиҳаи қонун бо пешниҳодҳоро оид ба сангинтар кардани қонунгузории муҳоҷират ба ҳукумат фиристодааст. Дар ин бора дар шабакаи Телеграм намояндаи Вазорат Ирина Волк хабар додааст, менависад Медиазона.
Тавре ки аз номаш бармеояд, қонун вуруд ва хориҷ шудани хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ аз/ба Русияро танзим мекунад.
Лоиҳаи қонун ба ҳукумат пешниҳод шуда, лекин дар сомонаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ матнаш ҳоло гузошта нашудааст.
Ба гуфтаи Ирина Волк, дар тағйирот ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз хориҷиён зимни вуруд ба Русия ва кам кардани муҳлати будубоши онҳо то 90 рӯз дар давоми сол пешбинӣ шудааст.
Ҳозир муҳоҷирон метавонанд дар муддати 90 рӯз аз замони гузаштан аз марз ҳузур дошта бошанд, дар сурати имзои шартномаи меҳнатӣ, ин давра метавонад то 1 сол дароз карда шавад.
Қарор дар бораи ихроҷи хориҷиёнро ба ҷуз додгоҳҳо, ҳамчунин “мақомоти ваколатдори федералии ҳокимияти иҷроия бо тартиби ғайрисудӣ ба сифати чораи маҷбурӣ аз ҷониби давлат” содир карда метавонанд. Шояд чунин ваколатҳо ба худи пулис дода шаванд.
Намояндаи ВКД ҳамчунин пайдо шудани "назорати маъмурӣ" аз болои хориҷиён ва "ҳамаи салоҳиятҳои нави [ВКД]-ро дар соҳаи муҳоҷират" муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон ВКД пешниҳод кардааст, ки “рӯйхатҳои корфармо ва кормандони хориҷӣ” тартиб дода шуда, барои ҳар кадоме аз хориҷиён “симо (профил)-и рақамӣ” роҳандозӣ шавад.
Дар ин ҳолат ба шахс “ҳуҷҷати ягонаи тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ” дода мешавад, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои қаблан мавҷуда вобаста ба муҳоҷиратро иваз мекунад.