Дар шаҳрдории Душанбе мавҷуд будани мушкилоти марбут ба ифлосшавии кӯчаҳои пойтахтро эътироф карда, зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, ки чӣ гуна мехоҳанд ин мушкилотро бартараф кунанд.

Зикр шуд, ки шаҳрдорӣ ният дорад ба корҳо дар мавриди партов ва ифлосиҳо дар кӯчаҳои Душанбе тақвият бахшад, аз ҷумла миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор кунад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода изҳори назар кард.

Дар бораи дигар тадбирҳо оид ба бартараф намудани мушкили партовҳо дар шаҳр муоовини раиси шаҳр дигар чизе нагуфт.

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳ нисбати шаҳрвандоне, ки партовҳоро дар ҷойҳои барои он пешбининашуда мепартоянд, 806 протокол тартиб дода шудааст.

Толиб Раҳимзода
Сурат: Asia-Plus

Дар посух ба савол дар бораи норасоии контейнерҳо (зарфҳо)-и ҷамъоварии партов ӯ хабар дод, ки имрӯз дар пойтахт 18 ҳазору 600 контейнери ҷамъоварии партов, аз ҷумла 563-то дар назди хонаҳои баландошёна гузошта шудааст.

“Дар зарфи 6 моҳи соли равон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист 71 аксияи рӯбучин ва тозакунии маҳаллаҳо, 43 аксияи “Соҳили тоза”, инчунин 63 аксияи “Тозагии роҳҳо” гузаронида шуд”, - хабар дод Раҳимзода.

Баҳори имсол дар 50 нуқтаи ҷамъоварии партови шаҳри Душанбе дар микрорайонҳо камераҳои мушоҳидавӣ насб шуданд. Назорат аз ҷониби Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидаи видеоӣ дар назди Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе амалӣ мешавад.

Ахиран сокинони Душанбе ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарчи бештар дар бораи берун набаровардани партовҳо шикоят мекунанд. Қариб дар ҳама мавзеъҳои шаҳр худсарона ҷойҳои ҷамъоварии партов пайдо мешаванд.

Дар бораи ифлосшавии кӯчаҳо ба куҷо мебояд муроҷиат кард?

Нисбати шахсоне, ки дар ҷойҳои барои ин пешбининашуда партов мепартоянд, мустақиман метавон ба “телефони боварӣ”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист муроҷиат кард: +992 777162275 (WhatsApp и Telegram) ва +992 919030170 (WhatsApp и Telegram).

Бо ин рақамҳо дар бораи мушкилоти марбут ба партов, буридани дарахтҳо ва дигар мушкилоти вобаста ба муҳити зист муроҷиат кардан мумкин аст. Ҳамчунин ирсоли сурат ва видео имкон дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.