Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор мактаб мавҷуд аст, ки дар он 2 миллиону 280 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд. Бо вуҷуди ин, дар кишвар норасоии мактаб ба назар мерасад, ки далели он дар се баст роҳандозӣ шудани дарсҳо дар баъзе мактабҳо ва таҳсили то 40-50 хонанда дар як синф мебошад.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар соли 2024 бунёду азнавсозии 370 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 150 ҳазор хонанда ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай якчанд мактаб ба истифода дода шуд.
“Азия-Плюс” шумораи мактаби миёна ва теъдоди хонандагонро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон муқоиса кард. Дар байни ин кишварҳо норасоии мактаб бештар дар Қазоқистон ҷой дорад, ки ба ҳисоби миёна беш аз 1 ҳазор хонанда ба як мактаб рост меояд.
Дар тасвирҳои зерин маълумоти бештар гиред:
Ҳангоми ҳисоб шумораи умумии хонандагон ба миқдори умумии мактабҳо, бе назардошти ғунҷоиш, тақсим карда шудааст.
Бояд гуфт, ки омори солҳои 2023-2024 дар матлаб истифода шудааст.
“Ҷуръати баррасии фоҷеаҳои 100 соли гузашта”. Баҳси зерматнҳои китоби “Нони шарикӣ" (Сад сол бо Русия)
Додгоҳ як мардро барои қатли ронандаи таксӣ 15 сол равонаи зиндон кард
Имрӯз ҳавопаймои Душанбе-Хоруғ парвози худро анҷом дод
Вазорат: “Дар Тоҷикистон коронавируси ХЕС ошкор нашудааст, ҳеҷ асосе барои нигаронӣ нест”
Суғд нақшаи даъвати ҳарбиро 80% иҷро кардааст
Аз 30 ба 90 сомонӣ. Нархи гӯшт чӣ гуна боло рафт?
Амирхон Мутаққӣ барои ширкат дар нишасти шашуми "Формати Маскав" вориди Русия шуд
Чӣ гуна «Душанбе Сити Бонк» шуморо аз қаллобон ҳимоя мекунад?
Ҷаримаи волидайни се хонанда барои кашидани “калян”-и электронӣ дар мактаб
Беш аз 85% ифротиёни тоҷик муҳоҷирон будаанд. Ин то куҷо дуруст аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста