Дар шаҳри Хуҷанд грантҳои раиси вилояти Суғд ба занон тақдим шуданд. Маросими супурдани грантҳо рӯзи 23 октябр дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода муҳим будани дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро барои бонувон зикр кард.

Гуфта мешавад, соли ҷорӣ дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» 60 адад гранти раиси вилоят барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ҷудо карда шуд.

1/4

Ғайр аз ин, имсол 24 зан грантҳои президентӣ гирифтанд, маблағашон аз 10 то 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки бо дастгириҳои президент ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят рушд ёфта, айни замон 288 маркази ҳунармандӣ, аз ҷумла 108 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва 180 маркази намудҳои дигари ҳунарҳо фаъолият доранд. Дар марказҳо 30 ҳазору 837 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунармандӣ ҷалб шудаанд.

Раиси вилоят изҳори итминон кард, ки занону бонувони соҳибкору меҳнатқарини вилоят  дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Зикр мешавад, ки давоми солҳои 2010-2023 занони ҳунарманди вилоят 4 млн сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб шуда, дар баробари беҳтар намудани шароити иқтисодии оилаашон, ҳамчунин барои занону духтарони дигар низ ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис доданд.

Қаблан дар чаҳорчӯби Форуми байнулмилалии сармоягузорӣ ва содироти “Хатлон Инвест” ба 30 нафар занони соҳибкор ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ грантҳои раиси вилояти Хатлон тақдим шуданд.

Грантҳои мазкур ба амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсолоти хурд, дӯзандагӣ ва дигар бахшҳои ҳунармандӣ равона хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.