Аз нигоҳи фавт бар асари ифлосшавии ҳаво дар Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон дар зинаи аввал ва Тоҷикистон баъди он қарор дорад.

Ифлосшавии ҳаво сабаби фавти бармаҳал аст

Марги бармаҳал аз бемориҳои вобаста ба ифлосшавии ҳаво дар Тошканд 3 ҳазору 42 ҳолат дар як сол ё зиёда аз 100 ҳолат ба 100 ҳазор нафар аҳолиро ташкил медиҳад. Дар ин бора дар гузориши “Арзёбии сифати ҳаво дар Тошканд” ва “харитаи роҳи” такмили идоракунии сифати ҳаво дар Ӯзбекистон маълумот дода мешавад.  

Аз рӯи ин нишондиҳанда дар Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон пешсаф аст.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2023 бар асари ифлосшавии ҳаво мизони марги бармаҳал дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 78 ҳолат ба 100 ҳазор нафар аҳолиро ташкил дод.

Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз Ӯзбекистон дар зинаи дуюм қарор гирифт.

Дар Тоҷикистон, аз ҷумлаи сабабҳои асосии маргумири марбут ба ифлосшавии ҳаво чунин бемориҳо номбар мешаванд: ишемия, сактаи мағзӣ (инсулт), фишорбаландӣ, илтиҳоби шуш (пневмония), бемориҳои ҷигар, диабети қанд, бемориҳои шуш, бемории Алтсгеймер ва ноқисулақлӣ (деменсия), саратони меъда ва дигар бемориҳо.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), таъсири ҳавои ифлосшуда бо зарраҳои сахт, озон, гази оксиди карбон ва оксидҳои сулфур хавфи сактаи мағзӣ ва инфаркти миокардро зиёд намуда, ба рушди бемории музмини обструктивии шуш боис мегардад.

Соли 2023 дар Душанбе консентратсияи миёнаи заррачаҳои муаллақ дар ҳаво, аз ҷумла чанги майда бо андозаи заррачаҳои 2,5 микрометр ва камтар аз он тақрибан 36 микрограмм барои як метри мукаабро ташкил дод, ки ин тақрибан ҳафт маротиба бештар аз сатҳи бехатарӣ мебошад. Ин рақамҳо дар тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зикр шудааст.
Тӯфони чангу ғубор дар Душанбе
Сурат: Asia-Plus

Сабаби инро мутахассисон дар гарм кардани манзилҳо бо бухориҳои бесамар, партовҳои бахши энергетика, нақлиёт ва иншооти саноатӣ мебинанд.

Тибқи таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ, хароҷоти марбут ба тандурустӣ дар робита ба ин масъала тақрибан чор фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аэрозоли ҳаво ҳангоми воридшавии чангу ғубори қавӣ аз ҷануб ва ғарб як қатор фулузот (металлҳо)-и вазнини гурӯҳи 1 ва 2-и канцерогенҳои хатарнокро дар бар мегирад.

Металлҳои вазнини атмосфера дар растаниҳо ва ҳайвонот ҷамъ шуда, тавассути занҷираи ғизоӣ ба организми инсон ворид мегарданд.

Баръакси олудагии органикӣ, металлҳои вазнин вайрон нашуда, танҳо аз як шакл ба шакли дигар гузашта, ба таркиби намакҳо, оксидҳо ва пайвастагиҳои металлоорганикӣ ворид мешаванд.

Ба сифати атмосфераи шаҳри Душанбе партовҳои заҳрноки нақлиёт, корхонаҳое, ки ангиштро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд, партовҳои коммуналӣ, набудани шамол барои пароканда кардани партовҳои зараровар, инчунин саҳми ками дарахтони баргашон васеъ, ки партовҳои зараровари шаҳрро нигоҳ медоранд, таъсири назаррас мерасонанд.

Дарахтони бурида дар боғи "Куруши Кабир"-и шаҳри Душанбе, ки дар маркази пойтахт воқеъ аст
Сурат: Asia-Plus

Оё барномаи экологӣ метавонад ёрӣ расонад?

Барои беҳбуди ин вазъ дар Тоҷикистон Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2023-2028 қабул шудааст.

Маблағи амалисозии барнома 204 млн 350 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 19,2 млн доллар) муқаррар шудааст.

Дар назар аст, ки он аз ҳисоби аз сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷии сармоягузорӣ, инчунин маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор ва бахши шарикии давлативу хусусӣ амалӣ мешавад.

Айни замон дар амалисозии лоиҳаву грантҳои марбут ба мушкилоти экологӣ ва рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист ниҳоду созмонҳои зерин иштирок мекунанд: Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Барномаи рушди СММ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ, Комиссияи аврупоии иқтисодӣ ва дигар мададрасонон.

Дар барнома доир ба зарурати роҳандозии тадбирҳо оид ба беҳбуди вазъи ҳавои атмосферӣ сухан меравад, аз ҷумла:

- назорат ва танзими миқдори моддаҳои ифлоскунандае, ки аз манбаъҳои доимии корхонаҳои саноатии шаҳрҳои бузург хориҷ мешаванд;

- назорати қатъӣ аз болои ҷудошавии партовҳои ифлоскунанда аз воситаҳои нақлиёт;

Сурат: Asia-Plus

- истифодаи технологияҳои муосир барои коҳиш додани ихроҷи SO2 (сулфур), чанг ва дигар моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосферӣ дар ҳамаи соҳаҳои саноат;

- гузаштан ба навъҳои сӯзишвории экологӣ ва дигар навъҳо.

Дар барномаи мазкур ба роҳандозии чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосферӣ дар шаҳру навоҳие, ки дар онҳо сатҳи моддаҳои зараровар дар таркиби ҳаво аз меъёр зиёданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ба ин минтақаҳо шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Исфара, Конибодом, Турсунзода, Левакант, Кӯлоб ва Ёвон дохил мешаванд.

Вазъият дар кишварҳои ҳамсоя

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2019 ифлосшавии ҳаво аз заррачаҳои PM2,5 ба 89 фавт ба 100 ҳазор аҳолӣ боис гардид. Дар Тошканд ин нишондиҳанда ба 101 баробар аст.

Тибқи маълумот ба ҳолати 10 октябри соли 2024, дар Тошканд марги бармаҳал аз бемориҳо бо сабаби таъсири заррачаҳои зарарноки PM2,5 дар ҳаво 3 ҳазору 42 ҳолат дар як солро ташкил медиҳад.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки яке аз олудакунадагони асосии ҳаво дар пойтахти Ӯзбекистон зарраҳои сахти майда бо диаметри 2,5 микрон (PM2,5) мебошанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ онҳоро яке аз хатарноктарин ифлоскунандагони ҳаво барои солимии аҳолӣ мешуморад.

Бино ба маълумоти портали IQAir, ки ба пайгирӣ (мониоринг)-и глобалӣ машғул аст, Тошканд ба мисли дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ мунтазам ба рӯйхати шаҳрҳо бо сатҳи баландии ифлосии ҳаво дохил мешавад.

Дар гузориш барои беҳтар намудани сифати ҳаво «харитаи роҳ» пешниҳод мешавад, ки ба навсозии меъёрҳо ва санадҳои меъёрӣ, таҳияи стратегияи миллии идоракунии сифати ҳаво ва таъсиси механизми ҳамоҳангсозӣ барои татбиқи ин чораҳо равона шудааст.

Ҳамчунин дар мавриди коҳиши партовҳо дар бахшҳои саноат, нақлиёт ва гармидиҳӣ пешниҳодҳо дода шудаанд.

Тибқи арзёбии коршиносон, аз 1 июли соли 2021 то 30 июни соли 2022 таъсири олудагии ҳаво дар шаҳри Бишкек ба марги 112 нафар боис гардид.

Манбаи асосии олудагии ҳаво дар пойтахти Қирғизистон сӯзонидани ангишт бо мақсади гармидиҳӣ мебошад. Марги бармаҳал дар шаҳри Алмато бо сабаби консентратсияи баланди зарраҳои хурди PM 2.5 ба 84–111 марг ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ мерасад.

Ба ифлосшавии ҳаво дар Алмато се омил таъсир мерасонанд: газҳои партов аз нақлиёти автомобилӣ, дуди ангишт аз марказҳои барқу гармидиҳӣ ва дуди манзилҳои хусусӣ асосан аз сӯзонидани ангишт.

Дар шаҳри Остона марги бармаҳал аз бемориҳо бар асари ифлосшавии ҳаво ба 43–58 марг ба ҳар 100 ҳазор нафар мерасад.       

Ифлосшавии атмосфера дар ин шаҳр аз омилҳои мухталиф, аз ҷумла партовҳои нақлиёти автомобилӣ, партовҳои зараровар аз неругоҳҳо, бухори дегхонаҳои хонагӣ ва корхонаҳои саноатӣ сурат мегирад.

Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), дар соли 2023 ифлосшавии ҳаво аз зарраҳои хурди PM 2.5 ба марги бармаҳали зиёда аз 4 млн нафар дар саросари ҷаҳон боис шудааст.

Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии метеорологии СММ, бар асари ифлосшавии ҳаво ҳар сол зиёда аз 4,5 млн нафар бармаҳал вафот мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.