Дар манотиқи Тоҷикистон, ки маҳдудияти интиқоли барқ ҷорист, истифодаи нерӯи офтоб метавонад на танҳо зиндагии сокинонро ба таври назаррас осон мекунад, балки истифодаи васеъ аз сарватҳои табииро коҳиш диҳад.

Сокинони деҳаи дурдасти Лабиҷай дар ҷанубу ғарби кишвар солҳо боз ба нерӯи барқ ​​дастрасӣ надоранд. Чанде пеш сокинони ин маҳал ба истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва офтобӣ шурӯъ карданд.

Ин ҳаёти онҳоро чӣ тавр тағйир дод?

 

Деҳаи бе барқ

Деҳаи Лабиҷай дар ноҳияи Турсунзода, 75 километр дуртар аз Душанбе воқеъ аст. Ин яке аз деҳаҳое дар ҷамоати Қаратоғ аст, ки ба хатти барқ пайваст нест.

Дар деҳа тақрибан 50 оила зиндагӣ мекунад. Сокинони маҳаллӣ мушкили дастрасӣ ба барқ доранд. НБО – и хурди насбшуда, ки аксар вақт аз кор мебароянд, мушкилоти энергетикиро қисман бартараф мекунад. Иқтидори ин гуна неругоҳои хурди обӣ маҳдуд буда, танҳо барои рушноӣ ва оинаи ниёгун кифоя аст.

Мушкили энергетикӣ на танҳо ба сифати зиндагии сокинони деҳот таъсири манфӣ мерасонад, балки ба камшавии захираҳои табиӣ низ мусоидат мекунад.


Аксари оилаҳо ҳезумеро, ки аз ҷангалҳои наздик ҷамъоварӣ мекунанд, барои пухтани хӯрок ва гарм кардани хонаҳояшон истифода мебаранд. Як оила солона тақрибан 15 метри мукааб чӯбу ҳезум сарф мекунад.

Истифода аз гази моеъ барои пухтупаз қулай аст, аммо танҳо чанд оила имкони хариди онро дорад.  

Дар чунин шароит, технологияҳои сарфакунандаи энергия ва офтобӣ барои сокинони деҳот айни муддао шудааст. Ташкилоти экологии “Маленкая Земля” ба оилаҳои махсусан осебпазир чунин кӯмак расонидааст.

 

Зуд ва болаззат

Миҷгона Азизова - яке аз сокинони ин маҳал аст. Вай 16 сол пеш баъди издивоҷ ба Лабиҷай кӯчид. Зиндагии ӯ низ мисли зиндагии дигар занони ин деҳа, дар набудани барқ хеле мушкил аст.

Ба қарибӣ дар оилаи онҳо мотам шуд, хушдоманаш вафот кард. Дар маросими ёдбуд барои хешу табор ва ҳамсояҳо зуд ғизо омода кардан лозим буд.

“Он вақт маро деги тезпаз, ки гирифта будам, наҷот дод. Дар он ман дар 20 дақиқа лӯбиёи сурхро пухтам. Одатан барои пухтани лубиё зиёда аз як соат вақт сар мешавад”, - мегӯяд Миҷгона Азизова.

Ӯ мегӯяд, деги тезпаз, дар рӯзгор ба ӯ кумаки зиёд мерасонад. Ҳоло вай таомҳои оддиро хеле тез мепазад. Масалан, гӯштибирён бо сабзавот, бояд тақрибан ду соат омода шавад, дар деги пезпаз дар муддати 40 дақиқа пухта мешавад.

“Ҳатто таъми хӯрок фақкунанда аст, зеро дар он тамоми витаминҳо нигоҳ дошта мешаванд”, - қайд мекунад ин зан.

 

Мижгона Азизова аз рост

Ошхонаи офтобӣ метавонад ҷангалҳоро наҷот диҳад

 Дар рӯзҳои офтобӣ, ки бештари солро ташкил медиҳад, Миҷгона дар ошхонаи офтобӣ хӯрок мепазад.

“Истифодаи ошхона хеле осон аст, гарчанде, ки шумо бояд онро давра ба давра гардиш диҳед, то офтобро пайгирӣ кунед. Ман дар он хӯрокҳои гуногун мепазам, аз тухм бирён то оши палаву манту. Дар тобистон ман банкаҳоро барои консерва, безарар мекунам. Тез, қулай, на бӯй ва на дуд”, - нақл мекунад Миҷгона.

Дар ин фасли сол ҳезум ва газ лозим нест. Ва одатан вақте, ки зан барои ҳезум рафтан сарф мекунад, барои ниёзҳои дигар истифода мекунад.

Ба гуфтаи Миҷгона, аксар вақт ба ҷамъоварии ҳезум занон масъуланд. Баъзан дар як рӯз 2-3 маротиба ба ҳезумҷамъкунӣ меравад, ки сарфи вақт аст.

“Ошхонаи офтобӣ зиндагиро осон мекунад, махсусан барои мо занон. Ҷангалҳои гирду атрофи мо беканор набуда ва мисли пештара зич нестанд. Ҳарчанд мо танҳо шохаҳои хушкро ҷамъ меорем, аммо онҳое ҳастанд, ки дарахтони бутунро бурида мепартоянд”, - мегӯяд ин сокини деҳа.

Низоми равшандиҳии офтобии хонагӣ - як чизи дигари оддӣ, вале муҳим барои сокинони Лабиҷай мебошад. Он барои равшан нигоҳ доштани хонаҳо ва нерӯбахшии таҷҳизоте мисли телефон муҳим аст.

“Ҳангоми аз кор баромадани нерӯгоҳҳои барқи обии хурд, ки зуд-зуд рух медиҳад, мо ҳамеша дар хонаамон равшанӣ дорем”, - мегӯяд Миҷгона.

 


Хушкмеваҳо дар се рӯз

Сокинони деҳаи Лабиҷай асосан аз ҳисоби кишоварзӣ ва чорводорӣ рӯзгорашонро пеш мебаранд. Баъзе мардони маҳаллӣ дар кони ангиштсанг ва фермаи гулмоҳӣ, ки дар наздикӣ аст, кор мекунанд.

Миҷгона Азизова солҳо боз дар ягона мактаби деҳа ба ҳайси фаррош кор мекунад ва шавҳараш ҳам дар он ҷо посбон шуда кор мекунад.

Оилае, ки чор фарзанд дорад, бо маоши ночиз зиндагӣ кардан мушкил аст. Аз ин ҷост, ки Миҷгона дар мавсим себу ҳулӯл ҷамъоварӣ намуда, хушк мекунад ва мефурӯшад.

Дар шароити табиӣ барои хушк кардани ҳулӯл як моҳ вақт лозим меояд. Аммо дар хушккунаки офтобӣ, ки ҳарорати он қариб то 70 дараҷа гарм мешавад, дар давоми 3 рӯз хушк мешавад. Меваҳои хушк дар он сиёҳ намешаванд ва дар офтоб намесӯзанд.

Кормандони “Маленкая Земля”, ба ин оила дар васлу насб кардани ин хушккунак ёрӣ расонданд. Дар он занҳо қурут (маҳсулоти анъанавии ширӣ) низ хушк мекунанд.


Занони Лабиҷай гарчанде ба шароити душвори зиндагӣ одат карда бошанд ҳам, аз орзуи зиндагии беҳтар даст намекашанд.

“Эҳтимол, ман ҳам мисли ҳар як зан роҳат мехоҳам: ҷомашӯӣ не, дар мошини ҷомашӯӣ, оббозӣ дар ҳамоми гарм. Вале бе барқ ҳамаи ин ҳанӯз орзу аст. Аммо дар ин ҷо ҳавои тозатарин, меваю сабзавоти хуштаъмтарин дорем”, — мегуяд Миҷгона хушҳолона.