Ба гуфтаи намояндаи расмии толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, дар ҷараёни амалиёти вижа дар Толуқон гуруҳи ҷангиёни ҳаракат 8 нафар узви Давлати исломӣ (ДОИШ), аз ҷумла пешвои бахши маҳалии ин бахши созмон Юнуси Ӯзбекистониро нобуд кардаанд.
Тавре ки Khaama.com менвависад, дар аккаунти худ дар Твиттер Забеҳулло Муҷоҳид хабар додааст, ки амалиёт шоми рӯзи шанбе, 11 июн дар ноҳияи чоруми Толуқон (маркази вилояти Тахор) гузаронида шудааст.
Ӯ изҳор доштааст, ки амалиёти махсус дар маркази таълии ДОИШ дар Толуқон баргузор шуда, дар ҷараёни он аҳолии осоишта низ куштаву захмӣ шудаанд ва инчунин анбори маснуоти чӯбу тахта низ оташ гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба як манбаъ дар вилояти Тахор, хадамоти иктишофии толибон ошкор намудааст, ки як гуруҳи террористон бо нақшаи анҷоми амали террористӣ ба шаҳр омадаанд.
“Яке аз ин нафарон, ки шаҳрванди хориҷӣ аст, дар маркази шаҳри Толуқон боздошт ва аз ӯ дар бораи макони будубоши ҳаммаслаконаш маълумот гирифта шудааст”, - идома додааст ҳамсуҳбат.
Зимни бозпурсӣ боздоштшуда хабар додааст, ки дар ноҳияи маъруф ба Лоиҳаи Шарқӣ боз 14 нафар террористони мусаллаҳ пинҳон шудаанд, ки ҳамла ба пойгоҳи толибонро дар нақша доранд.
“Вақте ки макони будубоши онҳо маълум шуд, гарнизони Тахор ва неруҳои амнияти толибон дар шаҳр хонаеро, ки дар он ҷангиёни ДОИШ пинҳон шуда буданд, ба иҳота гирифта, ҳамла карданд”, - илова кардааст манбаъ.
Задухӯрди мусаллаҳона муддати қариб се соат давом карда, дар натиҷа 8 террорист куштаву се ҷангӣ асир гирифта шуда, ду нафар гурехтаанд. Ғайр аз ин, 6 сокини маҳаллӣ, ки тасодуфан зери оташ қарор гирифтаанд, низ ҳалок шудаанд.
Дар бораи талафоти ҷонӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон хабар дода намешавад.
“Аз боздоштшудагон маълум шудааст, ки яке аз кушташудагон Юнус Ӯзбекистонӣ, шаҳрванди Ӯзбекистон фармондеҳи ин гуруҳ будааст”, - баён кардааст боздоштшуда.
Қобили зикр аст, ки дар вақти амалиёти вижа ВАО-и маҳаллӣ дар бораи задухӯрд байни Раёсати амняти миллӣ ва мақомоти пулис хабар доданд.
Баъди чанде пас аз анҷоми тирпаронӣ роҳбари Раёсати иттилоот ва фарҳанги вилояти Тахор Ансоруллоҳ Ансор ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки ин воқеа ба кӯшиши боздошти террористон рабт дорад.
Аммо ӯ аз ВАО дархост намудааст, ки дар бораи аъзои ДОИШ будани террористон хабар надиҳанд, зеро Кобули расмӣ ҳузури ин созмонро дар қаламрави Афғонистон инкор мекунад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.