Фармондеҳи воҳидҳои ҳаракати “Толибон” дар вилояти шимолии Бадахшони Афғонистон, фармондеҳи саҳроӣ Қорӣ Вақос ҳамроҳи ҷангиёни худ ба сафҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гузашт.
Қорӣ Ваққос, фармондеҳи пешини воҳидҳои артиши Толибон барои Тагоб, ки чанде пеш ба далели ихтилоф бо Толибон аз онҳо ҷудо шуда буд, парчами Ҷабҳаи муқовимати миллиро барафрошта, бахшҳое аз вулусволии Тагоби ин вилоятро ба контроли худ дароварда аст. Дар ин бора аamajnews24.com бо такя ба манобеаш хабар медиҳад.
Гуфта мешавад нерӯҳои Қорӣ Ваққос тайи ду рӯзи гузашта тавонистанд, ки рустоҳои Хумбак, Курӣ ва Кату Болои Тагобро ишғол кунанд.
Дар тобеъияти Ваққос то 300 нерӯ қарор дорад. Зикр мешавад ҷангҷӯёни Толибон, ки барои шикаст додани гурӯҳҳои шӯришӣ ба Тагоб фиристода шуда буданд, маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ кунанд.
Ба иттилои манбаъ чанде пеш Мавлавӣ Имонуддин Мансур ба Иброр, мудири истихбороти Тагоб дастури саркӯби Қорӣ Ваққосро дода буд, аммо муваффақ нашуд ва як ҳафта пеш зердастони Қорӣ Ваққос, Иброр мудири истихборотро камин задаанд, ки айни ҳол захмӣ аст.
Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи манобеъ норизоятии Толибони бадахшонии тоҷиктабор дар ҳоли густариш аст ва фаъолияти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вулусволиҳои Кашм, Даройам, Ташкон ва кӯҳистони ин вилоят дар ҳоли густариш мебошад.
Ҷабҳаи муқовамати миллӣ аз сентябри соли гузашта ба муқобили Толибон муқовимати мусаллаҳона мебарад. Дар ибтидо ба он низомиёни тоҷики вилояти Панҷшер ва низомиёни ҳукумати Афғонистон, ки аз сӯи Толибон сарнагун карда шудаанд, шомил буданд.
Ваққос аз аввалин фармондеҳи Толибон нест, ки ба ҳаракати радикалӣ мухолифат кард.
Дар ҳоли ҳозир воҳидҳои Толибон ноҳияи Балхоби вилояти Сари Пулро, ки фармондеҳи маҳаллии Толибон, Мулло Маҳдӣ Муҷоҳид алайҳи ҷунбиши тундрав шӯриш кардааст, муҳосира кардаанд.
Муҷоҳид ва ҷангиёнаш аз қавми ҳазора ҳастанд, аксари раҳбарон ва ҷангҷӯёни Толибон паштун ҳастанд.
Роҳбари Толибон ба ҷойи як ҳазора Муҷоҳиди паштунро таъин карданд, ки ин боиси шӯриш дар вулусволии Балҳоб гардид. Ҷунбиши радикалӣ кӯшиш кард, ки Толибони қавми ӯзбекро ба муқобили Муҷоҳид бифиристад, аммо онҳо рад карданд.
Теъдоди дастаҳои ҳазора то 500 нафаранд. Шаҳристони Балҳоб аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст. Толибон дар давраи ҳукумати аввали худ дар солҳои 1996-2001 натавонистанд ин минтақаро пурра тасарруф кунанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.