Поинравии қурби рубл дар ҳафтаи гузашта рӯйдоди муҳим аст, аммо ин ягона хабаре нест, ки метавонад ба ҳаёти мо таъсир расонад.

Қурби рубл - поинравии назоратшаванда

Ҳодисаи аз ҳама баҳсбарангези ҳафтаи гузашта поин рафтани қурби рубли русӣ буд. Ба гузориши Интерфакс, дар савдои рӯзи 6 июл як евро барои аввалин бор аз 28 марти соли 2022 ба сатҳи 102,01 рубл расид ва як доллар то 93,85 рубл боло рафт.


Дар оянда поин рафтани қурби рубл метавонад на танҳо ба иқтисоди Русия, балки тамоми кишварҳои пасошӯравӣ таъсири ҷиддӣ расонад.

Қурбҳои асъорҳои миллӣ мустақиман ба рубл вобаста нестанд; дар ҳамин ҳол, Русия шарики асосии тиҷоратии аксари кишварҳои пасошӯравӣ маҳсуб меёбад ва таконҳои арзие, ки Русия бо он рӯбарӯ аст, на мустақиман, балки ғайримустақим ба иқтисоди миллӣ ва қурби асъори онҳо тавассути равобити содироту воридот ва нархгузорӣ таъсир мерасонад.

Ба ин далел, дар кишварҳои минтақаи мо на камтар аз худи Русия ба қурби рубл таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Хулоса, поин рафтани қурби рублро бо се сабаби зерин шарҳ додан мумкин аст: аввалан, даромад аз бахши нафту газ, ки тибқи маълумоти Forbes 45,5% даромади буҷети федералиро ташкил медиҳад, дар давоми сол қариб ду баробар - 47% кам шудааст.

Аз тарафи дигар, ҳиссаи воридот дар иқтисодиёт, аз ҷумла воридоти мувозӣ (параллелӣ), ки барои хариди он асъори устувор лозим аст, якбора афзуд. Аз ин рӯ, воридоти асъори устувор коҳиш ёфт, дар ҳоле ки хуруҷи он ва ниёз ба он зиёд шуд.

Дар натиҷа, ин боиси касри доллар ва евро дар бозори асъор шуда, боиси боло рафтани арзиши онҳо гардид.

Сониян, ба гуфтаи коршиносони пурсидаи Радиои Озодӣ, тиҷорати Русия асъори устуворро фаъолона ба хориҷи кишвар берун мебарад, ки ин ҳам боиси камбуди он дар бозори дохилӣ мешавад.

Ва сеюм, ба назари бисёре аз иқтисодчиён, ки радио бо онҳо ҳам сӯҳбат кардааст, андаке поин рафтани қурби рубл барои ҳукумати Русия фоидаовар аст, зеро он имкон медиҳад, ки хароҷоти ниёзҳои низомӣ ва бахши иҷтимоиро муваффақона рӯйпӯш кунад.

Дар ин замина, ошӯби ШХҲ “Вагнер” дар моҳи гузашта танҳо ба сифати як такони иловагӣ барои бозори асъор хидмат карда, боиси беқурбшавии деринтизори рубл гардид.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки поин рафтани қурби рубл ба иқтисоди кишварҳои дигари пасошӯравӣ ва ҳамчунин вазъи чанд миллион муҳоҷири корӣ, ки дар бозори Русия кор мекунанд, чӣ гуна таъсир хоҳад гузошт?

Муҳоҷирони корӣ
Сурат аз торнамои migrantocenter.ru

Дар назари аввал коҳиши қурби рубл метавонад ба поинравии арзиши молҳои Русия (пеш аз ҳама манбаъҳои энергетика ва маводи ғизоӣ) боис гардад, ки ба кишварҳои минтақа ворид мешавад.

Аммо, ин тамоман зарур нест, зеро таҳвили молҳо бо назардошти беқурбшавии рубл ё тариқи ҳисоб бо асъори устувор анҷом дода мешавад.

Илова бар ин, дар солҳои ахир бо вуҷуди пайваста поин рафтани қурби рубл, қимати маҳсулоти воридотии Русия дар минтақа ба таври доимӣ боло меравад.

Дар моҳҳои март-апрели соли гузашта ҳамин гуна поин рафтани рубл, пеш аз ҳама, ба беқурбшавии асъори миллӣ  боис шуд - ба навиштаи Газета.uz, аз феврал то марти соли 2022 дар Қирғизистон қурби расмии доллар аз 23 феврал 23,8% поин рафт - аз 84,8 то 105 сом.

Дар Тоҷикистон дар ин давра қурби доллар 15% - аз 11,3 то 13 сомонӣ ва дар Қазоқистон 18,1% - аз 433,39 то 512,19 танга боло рафт.

Имсол ҳукуматҳои минтақа бо назардошти таҷрибаи соли гузашта, ба тағйирёбии қурби рубл беҳтар омодагӣ диданд ва дар маҷмӯъ беқурбшавии асъори миллӣ дар баробари доллар нисбатан ночиз боқӣ мемонад.

Теъдоди бекорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ:


Сониян, маъмулан коҳиши қурби доллар ба вазъ ва даромади муҳоҷирони корӣ ва ҳаҷми интиқоли пули онҳо ба ватанашон таъсир мерасонад. Соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯӣ карда буд, ки коҳиши тӯлонии қурби рубл боиси 22-32% камшавии интиқоли пули муҳоҷирон мешавад.

Ин тавр нашуд, зеро рубл ба зудӣ ба мавқеаш баргашт; вале маълум нест, ки имсол вазъият чӣ гуна сурат мегирад.

Дар ҳар сурат, поин рафтани қурби рубл дар баробари доллар мутаносибан ба коҳиши даромад ва пулёбии муҳоҷирони корӣ боис мегардад, Масалан, маоши муҳоҷир мисли пештара буда метавонад, аммо бо доллар хеле камтар мешавад.

Илова бар ин, барои муҳоҷирон поин рафтани қурби рубл нисбат ба асъори миллӣ низ аҳаммияти калон дорад; бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар соли 2021 94,3%-и маблағи интиқолиро рубл, 5,6%-ашро доллар ва 0,1%-ашро евро ташкил додааст.

Дар натиҷаи беқурбшавии рубл арзиши воқеии пулҳои интиқолӣ поин рафта, оилаҳои муҳоҷирон бо пули миллӣ хеле камтар маблағ мегиранд.

Илова бар ин, поин рафтани қурби рубл ба даромади худи аҳолии Русия таъсир расонида, онҳо ба сарфа кардан дар сохтмон, таъмир ва хариди мол шурӯъ мекунанд, ки он маҳз ба он бахшҳои иқтисод, ки дар он муҳоҷирон машғули коранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Имсол, тавре ки Радиои Озодӣ дар баррасии шабакаҳои иҷтимоӣ менависад, ба далели поинравии қурби рубл, маоши миёна дар Русия (71 ҳазору 300 рубл) бо доллар то 800 доллар поин рафтааст, ки тақрибан ба сатҳи соли 2011 рост меояд.

Муҳоҷирони корӣ
Сурат аз Владимир Веленгурин

Ба ин тариқ, беқурбшавии рубл кор дар Русияро барои муҳоҷирон камтар фоидаовар мекунад - онҳо камтар маош мегиранд, бештар харҷ мекунанд ва ба ватан камтар пул мефиристанд.

Бо назардошти таҷрибаи соли гузашта метавон тахминан муайян кард, ки «хати сурх» барои муҳоҷирони корӣ ҷое дар сатҳи 100 рубл барои як доллар қарор дорад, ки пас аз он бархе аз онҳо ба ватан баргаштанро афзалтар медонанд.

Соли гузашта, ба навиштаи нашрияи Караван-сарай, дар давраи поин рафтани қурби рубл аз моҳи январ то апрели соли 2021 ҳамагӣ 282,300 ҳазор муҳоҷири ӯзбек ба ватан баргаштаанд; аз ин шумор 50 ҳазор нафар дар моҳи март ва 54 ҳазор нафар дар моҳи апрел Русияро тарк кардаанд.

Чӣ гуна шудани вазъи муҳоҷирон дар соли ҷорӣ аз бисёр омилҳо вобаста аст, аммо қурби рубл ва вазъи иқтисоди Русия аз омилҳои калидии онҳо маҳсуб меёбанд.

Дар робита ба ин, бештари иқтисодчиёни саршиноси рус бар ин назаранд, ки ҳукумати Русия дар ояндаи наздик ба коҳиши назоратшавандаи қурби рубл дар баробари доллар бартарӣ медиҳад, аммо талош хоҳад кард, то аз коҳиши шадиди он ҷилавгирӣ кунад.

Сурат: dzen.ru

Мумкин аст, ки рубл ба мавқеаш баргардад, аммо дар оянда бо сабабҳои бунёдии дар боло зикршуда коҳиши он идома хоҳад ёфт.

Дар ин сурат бархе аз муҳоҷирони корӣ, ки даромади камтар доранд, метавонанд ба ватан баргарданд, то рӯзҳои беҳтарро интизор шаванд. Аммо аксари онҳо, ба ҳар сурат, бо вуҷуди коҳиши даромад талош хоҳанд кард, то ба шароити нав мутобиқ шаванд ва дар бозори кор бимонанд - бо умеди беҳбуди вазъи иқтисодӣ дар оянда.

Нишасти СҲШ

Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсии ҳафтаи гузашта нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Ню-Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон буд, ки қисман тариқи онлайн сурат гирифт.


Ёдовар мешавем, ки СҲШ 15 июни соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст. Дар соли 2017 Покистону Ҳинд ба он шомил шуданд ва дар нишасти ахир Эрон ба ин созмон пазируфта шуд. Агар соли оянда Беларус ба СҲШ шомил шавад, маълум мешавад, ки пас аз ду даҳсола ин созмон аз "панҷгона" ба “даҳгона”-и кишварҳои шарик мубаддал мешавад.

Ба назари ман, муҳимтарин рӯйдодҳои нишасти мазкур инҳо буданд:

Нахуст, пазируфтани расмии Эрон ба узвияти ин созмон. Эрон чанд даҳсола боз дар бунбасти геополитикӣ қарор дорад, аз ин рӯ, пайвастан ба СҲШ-ро метавон як муваффақияти муҳими ҳукумати Эрон арзёбӣ кард.

Сокинони Эрон солгарди Инқилоби исломиро ҷашн мегиранд, соли 2021

Барои СҲШ пайвастани Эрон аз нигоҳи геоиқтисодӣ муҳимтар аст, зеро он дастрасии изофӣ ба бозорҳои Ховари Миёна ва Наздикро фароҳам меорад. Ба навиштаи Экономист.kg, пайвастани Эрон ба татбиқи ибтикори стратегии Чин «Як камарбанд – як роҳ», ки Ховари Наздик ва Чинро мепайвандад, мусоидат мекунад.

Аз сӯйи дигар, пайвастани Эрон (ва Беларус дар соли оянда), бо назардошти бархӯрди мавҷуд миёни Ғарб ва Русия, ба созмон як симои то ҳадде зиддиғарбӣ медиҳад, ки ба нафъи аксари кишварҳои узви СҲШ чандон мувофиқ нест.

Масалан, Ҳинду Покистон ба мисли кишварҳои Осиёи Марказӣ маъмулан нигоҳ доштани равобити хуб бо Ғарбро афзал медонанд.

Ҳамин тариқ, ба иттилои нашрияи «Международная жизнь», дар остонаи нишасти Ню-Деҳлӣ, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба ИМА сафари давлатӣ анҷом дод, ки дар он роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои низомию техникӣ, таъмири киштиҳои ИМА дар корхонаҳои киштисозии Ҳинд, тавсеаи барномаи муштараки кайҳонӣ ва интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишин ба артиши Ҳинд тавофуқҳо ҳосил шуданд.

Барномаи муштараки кайҳонии Ҳиндустон ва ИМА низ васеъ карда мешавад. Ҳамзамон, созишномаи низомӣ бо ИМА пас аз ду моҳи боздошти интиқоли силоҳи Русия ба Ҳинд ба имзо расид, ки албатта норозигии ҷониби Русияро ба бор овард.

Ғайр аз ин, ҳоло ҳайати СҲШ аз ҳисоби давлатҳое, ки бо ҳам мухолифат ва рақобат доранд (Покистон ва Ҳиндустон) ва ё аз рӯи масъалаҳои асосӣ мавқеи гуногун доранд, васеъ шуда истодааст, ки минбаъд метавонад таҳияи қарору равишҳои ягонаро мушкилтар созад.

Дар натиҷа, ба навиштаи хабаргузории ТАСС, дар нишасти Ню-Дели Ҳиндустон ба далели истинодҳои зиёд дар ин санад ба ибтикори сиёсии Чин, Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ барои давраи то соли 2030-ро имзо накард.

Сониян, дар мавриди татбиқи минбаъдаи «Харитаи роҳ оид ба тадриҷан зиёд кардани ҳиссаи пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила» қабули ёддошти ният натиҷаи муҳими ҳамоиш буд. Аслан ин маънои даст кашидан аз долларро дар муносибатҳои тиҷоратӣ дорад, ки дарвоқеъ, бештар иқдоми ҷаҳонии сиёсӣ аст, на иқтисодӣ.

Коллаж аз торнамои promdevelop.com

Дар баробари ин, даст кашидан аз доллар хилофи манфиати он кишварҳоест, ки ба бозори ҷаҳонӣ ашьёи хом, аз қабили нафту газ ё пахта мебароранд ва албатта, мехоҳанд, ки аз фурӯши он асъори устувор ба даст оранд.

Ин ҳамчунин мухолифи манфиатҳои худи Маскав низ мебошад, ки имрӯз маҷбур аст ба Ҳиндустон бо рупия маҳсулоти нафтӣ фурӯшад ва баъдан ҷойи сарф кардани онро намеёбад.

Тибқи гузориши "Current Time", барои нафт Русия наметавонад аз Ҳиндустон як миллиард доллар бигирад: пул дар суратҳисобҳои бонкии Ҳинд аст, аммо на бо доллар, балки бо рупияи ҳиндӣ. Ба навиштаи «Международная жизнь», аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки муқаррароти афзоиши ҳиссаи муомилот бо пули миллӣ аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви СҲШ пуштибонӣ намешавад.

Сеюм, яке аз натоиҷи муҳими нишаст мавқеъ дар Эъломияи муштарак оид ба вазъ дар Афғонистон буд. Кишварҳои узви СҲШ дар Эъломия махсусан таъкид кардаанд, ки “онҳо таъсиси ҳукумати фарогирро дар Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ, мазҳабӣ ва сиёсии ҷомеаи Афғонистон ниҳоят муҳим медонанд”.

Ин ифода бар муносибати интиқодӣ ба амалкарди ҳукумати Толибон дар Афғонистон, ки мақоми кишвари нозири СҲШ-ро дорад, таъкид мекунад.

Чаҳорум, як муқаррароти муҳими Эъломия нуктае буд, ки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо иловаи Русия пуштибонии худро аз ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” (ЯКЯР)-и Чин эълон карда, талошҳоро барои бунёди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва ЯКЯР зикр мекунанд.

Коллаж аз торнамои nacanalytica.com

Ин аз як тараф ба он гувоҳӣ медиҳад, ки Маскав ва Пекин ба унвони ду бозигари аслии геополитикии минтақа талош доранд тарҳҳои геополитикии худро дар фазои пасошӯравӣ муттаҳид кунанд. Аз тарафи дигар, ҳанӯз комилан рӯшан нест, ки онҳо чӣ гуна ташаббусҳои мухталифи стратегиро, аз қабили ИИАО ва ЯКЯР муттаҳид карданӣ мехоҳанд.

Зидди “маҳдудиятҳои анъанавӣ”

Ҳафтаи гузашта ҳукумати Толибон бори дигар расонаҳои ҷаҳониро шод карда, ба онҳо барои нашр ва шарҳ мавзӯъҳои наверо пешниҳод кард.

Қабл аз ин изҳороти Ҳайбатуллоҳ Охундзода дар бораи он ки мушкилоти занон дар кишвар аз ҷумла бо "ҷиҳатҳои манфии ишғоли 20-сола" иртибот дорад ва ҳукумати Толибон ба онҳо мақоми "одамони озод"-ро баргардонду аз «зулми суннатӣ» раҳо гардонд, ба таври густурда матраҳ шуда буд, ки онҳо зери ин мафҳумҳо аз афташ, таълиму корро дар назар доштанд.

Кошонаи ҳусн дар Афғонистон
Сурат аз сомонаи darakchi.uz

Ҳоло Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункар дар назди ҳукумати муваққати Афғонистон бо тавзеҳи ин гуфтаҳо фармоне содир кардааст, ки тибқи он сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн дар кишвар баста мешаванд.

Тавре ки Forbes менависад, ба ақидаи ҳукумат, кошонаҳои ҳусн сари хонаводаҳои оддии афғон як "бори аз ҳад зиёданд”, ки хароҷоти беҳуда аст ва корҳое мисли чиндани абрӯ ва дароз кардани мӯй "хилофи шариат" аст. Мақомоти кишвар ба соҳибкорон як моҳ мӯҳлат доданд, ки чунин тиҷоратро қатъ кунанд.

Оқибатҳои асосии ин тасмим на сиёсӣ, балки иқтисодӣ хоҳанд буд.

Занони афғон дар замони ҳукмронии Толибон
Сурат: ВВС

Умуман, пеш аз Толибон шумораи занони коргар дар Афғонистон тақрибан 22% буд; вале фоизи хеле зиёди занон дар шаҳрҳои бузург машғули кор буданд. Илова бар ин, бисёре аз занон дар хона ва ё инфиродӣ кор мекарданд, ки ин дар омори расмӣ инъикос наёфтааст.

Дар натиҷа ҳиссаи занони коргар дар даромади оилаи миёнаи Афғонистон, хусусан дар шаҳрҳо ва дар тиҷорати хурд доимо меафзуд ва ин ба бисьёр оилаҳо имкон медод, ки рӯзгорро таъмин кунанд.

Ба иттилои Известия, ҳанӯз дар соли 2021 Барномаи рушди СММ тахмин зада буд, ки маҳдудиятҳо барои кори занон метавонад ба иқтисоди Афғонистон то 1 миллиард доллар ё 5% ММД-и он зиён расонад, аммо албатта, ин рақам коҳиши даромад дар сатҳи оила, аксаран дар шаҳрҳои бузургро дар бар намегирад.

Аммо ин тасмими Толибон эҳтимол бештар ба обрӯи байнулмилалии Толибон, ки бе ин ҳам паст аст, таъсир хоҳад гузошт.

Дар мавриди худи ҷомеаи Афғонистон бошад, Толибон дар сиёсати дохилии худ ба табақаҳои нисбатан васеи аксарияти муҳофизакорон такя мекунанд. Аз ин рӯ, ба гумон аст, ки чунин амалу тасмимҳо ба маҳбубияти Толибон дар деҳот ва дар бисёре аз манотиқи кишвар таъсири манфӣ расонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.