Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дастаи ҳунарии Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз Ҷашнвораи дуввуми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ бо мукофотҳо ба ватан баргашт.

Муовини директори театр Зиёбой Тошев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар озмун, ки рӯзҳои 2-6-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, намоишномаи «Зани сарватманд» ба маърази тамошо гузошта шуд. Намоишномаро аз рӯи песаи драматурги озарбойҷонӣ Алӣ Амирлӣ коргардон, Ҳунарманди Халқии ҷумҳурӣ Султон Усмонов ба саҳна гузоштааст. Маҳз ҳамин намоишнома соҳиби ду мукофот - «Ба дастаи беҳтарини актёрон» ва «Ба нақши беҳтарини мардона» соҳиб гардид. Мукофоти дуввум насиби Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов шуд.

Ёдрас мекунем, ки озмунро Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон созмон додааст. Ҷашнвораи нахустин соли 2006 доир гашта, барои эҳёи арзишҳои умумии фарҳнгии кишварҳои минтақа саҳми босазо гузошт.