Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс - «Дар таҳқиқи ҷараёни салафия таҳлили ҳамаҷониба ва муносибати фардӣ зарур аст, то ки ба умқи масъала сарфаҳм рафта, пайдоиши «гург дар ниқоби гӯсфанд»-ро пешгирӣ кунем», - изҳор дошт раиси Кумитаи исломии Русия, коршиноси маъруф оид ба масъалаҳои ислом Ҳайдар Ҷамол.
Имрӯзҳо ӯ дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» перомуни вазъи ислом дар Тоҷикистон ва пайдоиши ҷараёни салафия чунин изҳори назар кард, ки ӯ ба ҳамаи мусулмонон новобаста аз мансубияташон ба ҷараёне муносибати якхела дорад ва ҳамеша аз як мавқеъ ба онҳо баҳо медиҳад: «онҳо ба ислом хизмат мекунанд ё ба душманони он?».
«Дар дохили ислом хадамоти махсуси амрикоӣ амал мекунанд, ки бо ошкор сохтани онҳо мо аниқ хоҳем кард, ки дар асл кӣ гунаҳкор аст», - таъкид сохт Ҳ.Ҷамол. Ӯ намояндгони ҳаракати «Толибон» ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро ба сифати намуна мисол овард, ки онҳо бо хадамоти махсуси амрикоӣ робита доранд.
Коршинос таъкид сохт, ки миёни тамоми ҷараёнҳои ислом бояд робитаву гуфтушунид барқарор бошад, то ки аз муноқишаву ташаннуҷи вазъ ҷилавгирӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол, ӯ аз шарҳи муфассали афкору ғояҳои ҷараёни салафия дар ислом худдорӣ кард.
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Эрон ба номаи Доналд Трамп тавассути Уммон посух додааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста