Набераи калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов мегӯяд, парвандаи ҷиноие, ки Додситонии кулли ин кишвар зидди модараш -- Гулнора Каримова боз кард, сохта аст. Ин нуктаро ӯ 1 август дар суҳбат бо Бахши ӯзбекии Би-би-сӣ баён доштааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва терроризми Додситонии кулли Ӯзбекистон 28 июл гуфт, зидди Гулнора Каримова, ки соли 2015 бо қарори додгоҳи шаҳри Тошканд 5 сол озодияш маҳдуд шудааст, бар пояи 6 банди кодекси ҷиноии ин кишвар парванда боз кард. Каримова дар ҳоли ҳозир ба ҳабс гирифта шудааст.

Вале ба гуфтаи писари Гулнора Каримова, "ҳамаи баёнияҳои зидди модараш муболиға буда, бештари даъвоҳо сохтаанд".

Набераи президенти пешини Ӯзбекистон мегӯяд, дороиҳое, ки ҳоло дар ҳаҷми 2 миллиард доллар ба модараш рабт дода мешаванд, дар асл ба ӯ тааллуқ надоранд. Ба гуфтаи ӯ, бештари мансабдорони баландпояи Ӯзбекистон, ки ҳанӯз ҳам дар вазифаанд, дороиҳои зиёд доранд.

Ислом Каримови хурдӣ 1 август санади додгоҳиеро аз 3 июл дастрас кардааст, ки хабар медиҳад, Гулнора Каримова ба зиндон интиқол дода шудааст. Би-би-сӣ мегӯяд, имкони санҷиши воқеӣ будани санад вуҷуд надорад.