Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тасмим гирифт, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон, ки узви ин Созмон аст, як воҳиди неруҳои посдори сулҳба ин кишвар сафарбар мекунад.

“Дар робита ба муроҷиати президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва бо назардошти таҳдид ба амнияти миллӣ ва соҳибистиқлолии Қазоқистон, ки аз ҷумла бо сабаби дахолат аз хориҷ ба миён омад, Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД мутобиқи моддаи 4-и Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ тасмим гирифт, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон ба ин кишвар як воҳиди неруҳои посдори сулҳ сафарбар мекунад”, - изҳор доштааст раиси феълии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, сарвазири Арманистон Никол Пашинян. Дар ин бора дар сомонаи расмии сарвазири Арманистон хабар дода мешавад.

Рӯзи 5 январ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳор дошт, ки дастандаркорони бетартибиҳо дар Қазоқистон “гуруҳҳои террористии аслан байнулмилалӣ буда, дар хориҷи кишвар аз тамрини ҷиддӣ гузаштаанд ва ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон бояд як амали таҷовузкорона арзёбӣ шавад”.

Дар Котиботи СААД хабар додаанд, ки муроҷиати ҷониби Қазоқистон дар бораи кумак ба ин кишвар ҳамчун “ҳамлаи гурӯҳҳои ҷиноятпешаи дар хориҷи кишвар омодашуда баррасӣ шуд”.

1/3

Дар Қазоқистон рӯзи якшанбе алайҳи болоравии нархи гази моеъ эътирозҳои оммавӣ оғоз гардиданд. Гирдиҳамоиҳо нахуст дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау оғоз гардида, сипас дар дигар шаҳрҳо идома ёфтанд.

Дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт. Дирӯз президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Нурсултон Назарбоев дигар раиси Шӯрои амнияти кишвар нест.

Инчунин бино ба иттилои хабаргузории Фергана, шоми 5 январ маълум шуд, ки президент сардори Хадамоти асосии махсус - Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон - Карим Масимовро иваз намуда, ба ҷойи ӯ собиқ роҳбари хадамоти посбонии президент Ермек Сагинбаев ба ин вазифа таъин шудааст, хабар дода мешавад дар шабакаи Telegram-и нашрияи КазТАГ.

Ин нашрия ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки субҳи 6 январ дар Алмаато амалиёти густурдаи поксозии шаҳр аз ғоратгарон ва саркардагони ошӯб роҳандозӣ мешавад.

Дар пасманзари эътирозҳо дар шаҳр роҳзаниву ғоратгарӣ оғоз шуда, тақрибан 400 қаҳвахона, дӯконҳо ва биноҳои маъмурӣ ғорат карда шуданд. Ғоратгарон ҳамчунин мошинҳоро, аз ҷумла мошинҳои хадамоти изтирориро оташ заданд.

Даҳҳо эътирозгар фурудгоҳи байналмилалии Алматоро ғасб ва чанд соат зери тасарруф нигоҳ доштанд. То фаро расидани шаб ба мақомот муяссар шуд, ки эътирозгаронро аз фурудгоҳ берун кунанд.

Тибқи маълумоти ВАО-и Қазоқистон, дар ҷараёни бетартибиҳо 8 корманди пулис ва сарбозони Гвардияи миллӣ ҳалок шуда, 317 нафар ҷароҳат гирифтаанд.

Муовини раиси шаҳри Алмато бо мақсади таъмини тартибот “амалиёти махсуси зиддитеррористӣ”-ро дар шаҳр эълон кард.

Қобили зикр аст, ки акнун аз 5 то 19 январ дар саросари Қазоқистон реҷаи вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.