Пас аз танаффуси дусола, сар аз оғози моҳи апрел миёни Ӯзбекистону Қазоқистон нахустин қатори мусофирбарии доимӣ ба кор шуруъ мекунад. Дар ин бора ширкати роҳи оҳани Ӯзбекистон- “Ӯзбекистон темир йуллари" хабар медиҳад.
Аммо идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло таърихи дақиқи барқарор шудани хатсайри қаторҳои мусофирбарии кишвар маълум нест. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ки онҳо низ барои азсаргирии равуои қаторҳои мусофирбари талош доранд.
Аз моҳи марти соли 2020 ба далели ҳамагирии коронавирус мусофиркашонии байнидавлатӣ тариқи қаторҳо дар роҳи оҳани Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия манъ шуда буд.
Як манбаъ аз Корхонаи воҳиди давлатии мусофиркашонии Роҳи оҳани Тоҷикистон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “Мо талош дорем, баъди маълум шудан мо рӯзи дақиқи сар кардани корро эълон мекунем. Мо бояд аз се чор давлат гузарем, барои ҳамин розигии ҳамаи давлатҳо лозим аст. Корҳои ташкилӣ дар ин самт рафта истодааст”,-гуфт ин манбаъ
Субҳи 18-уми март ширкати Роҳи оҳани Ӯзбекистон - “Ӯзбекистон темир йуллари" дар сомонаии расмияш хабар дод, ки бо ширкати роҳи оҳани Қазоқистон барои барқарор кардани хатсайри доимии мусофиркашонӣ ба тавофуқ расидаанд.
Ба иттилои ин ширкат, сар аз 1-уми апрел нахустин қатораи мусофиркашонӣ дар хатсайри “Нукус (Ӯзбекистон) - Бейнеу (Қазоқистон) барқарор ва ба реҷаи муқаррарии корӣ шурӯъ мекунад.
“Қатора аз вокзали Нукус (Ӯзбекистон) рузҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе ҳаракат мекунад. Рузҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе аз Бейнеу (Қазоқистон) ба роҳ мебарояд. Робитаи роҳи оҳани Ӯзбекистон бо дигар кишварҳои хориҷи наздик бо мувофиқаи тарафҳо барқарор мешавад», - омадааст, дар хабарномаи “Узбекистон темир йуллари”.
Дар Тоҷикистон бар асари оғоз шудани мавсими рафтани муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор ба хориҷи кишвар ва гарон шудани нархи билетҳои ҳавопаймо, мусофирин мегӯянд, ки агар равуои қаторҳои мусофирбарӣ аз сар гирифта шавад, имкон дорад ҳам нархи билетҳо пойин шаваду ҳам нафароне, ки имкони камтар доранд метавонанд тавассути Роҳи оҳан сафар кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Душанбе роҳи ҷудогонаи дучархаронӣ бунёд мешавад
Суғд. Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстримизм дар соли гузашта
Кумаки мутахассисони қазоқ ба Тоҷикистон дар рақамкунии ипотека
Хушкмеваи Тоҷикистонро ба намоишгоҳи байнулмилалии Gulfood Dubai-2025 бурданд
Соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар Хатлон бо арзиши $1 миллион иншооти иҷтимоӣ бунёд кардаанд
Дар шаҳри Бохтар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии нав сохта мешавад
Кушта шудани 1400 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқу Афғонистон
Дар Душанбе “Боғи дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон бунёд мешавад
“Агар аз ту ёд ояд...” Таҷлили 75-солагии Муқаддас Набиева дар Душанбе
Бинои маъмурии боғи марказии ноҳияи Муъминободро оташ задаанд. Гумонбар дар кофтуков аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста