Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки сарфи назар аз имзои Протоколи № 42 аз 25-уми сентябри соли 2022 ва созишномаҳои батавофуқрасидаи дигар, ҷониби Қирғизистон иқдомоти барқасдонаи худро бо ҳадафи ташдиди авзоъ дар марз идома медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти Раёсати корҳои дохилии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар изҳороти Раёсати КДАМ дар Суғд зикр гардидааст, ки "амалҳои иғвоангезонаи бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон, аз ҷумла омода намудани мавқеъҳои тирпарронӣ, сохтани хандакҳо ва сангарҳо, идомаи интиқоли техникаи иловагии ҳарбӣ ба хати марз ва нақзи мунтазами ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, ки ба ноором кардани вазъ равона шудааст, далели равшани нақшаҳои муғризонаи ҷониби Қирғизистон мебошад".
Дар хабар гуфта мешавад, ки аз 26-уми сентябр то 15-уми октябр ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар фазои шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд 13 маротиба ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро убур кардаанд.

"Сарфи назар аз созишномаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ бо ҷониби Қирғизистон, бар хилофи муқаррароти Протоколи №42 аз 25 сентябри соли 2022, далелҳои интиқоли техникаи ҳарбӣ, аслиҳаи вазнин ва воҳидҳои иловагии низомӣ ба манотиқи марзӣ, ҳолатҳои латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистон, сангпартоӣ ба хонаву автомошинаҳои онҳо, инчунин ташкили постгоҳҳои назоратии ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудаанд", - гуфта мешавад дар изҳороти Раёсати КДАМ дар Суғд.
Хабар такмил меёбад
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста