Роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои ВАО-и кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Остонаи Қазоқистон масъалаи боз кардани телевизони умумӣ ва фазои ягонаи расонаӣ барои минтақаро баррасӣ карданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.
Манбаъ навиштааст, ки ин машварат дар доираи таҳкими ҳамкорӣ ва рушди фазои иттилоотии Осиёи Марказӣ баргузор гардид ва иштирокчиён зарфияти чунин лоиҳа дар минтақаро баланд арзёбӣ карда, намояндагони ҷонибҳо гуфтаанд,, ки татбиқи ин ташаббус метавонад воситаи пуриқтидоре барои таҳкими амнияти иттилоотии минтақа ва инчунин майдоне барои тавсеаи мубодилаи фарҳангӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад.
Тавре таъкид шуд, чунин қадамҳо имкон медиҳанд, ки талошҳо барои таҳкими амнияти иттилоотӣ ва пешбурди мубодилаи фарҳангӣ муттаҳид карда шаванд.
Дар мулоқот, муовини аввали Дилшод Саидҷонов, директори Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қанат Искаков, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон, Нуриддин Саид, раиси кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аннасахет Какаев, муовини раиси кумитаи давлатии Туркманистон оид ба телевизион, радио ва кинематография механизмҳои татбиқи лоиҳаро муфассал баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони кишварҳо чораҳои баланд бардоштани саводнокии расонаӣ ва мубориза бо паҳншавии иттилооти бардурӯғро баррасӣ карданд. Таъкид шуд, ки барои муқовимат бо даъватҳои глобалӣ дар соҳаи ВАО талошҳои муштарак зарур аст.
Намояндагони мақомотҳои ваколатдор дар соҳаи иттилоот омодагии кишварҳои худро барои иштирок дар раванди ҳамгироӣ дар соҳаи ВАО изҳор карданд.
Дар натиҷаи мулоқот итминон дода шуд, ки талошҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ташкили сохторҳои расонаии минтақавӣ ва рушди онҳо саҳми назаррас дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа хоҳанд шуд.
Ин бори аввал нест, ки чанд кишвар якҷоя ё дар дохили созмонҳои алоҳида мехоҳанд, ки телевизиони ягона ташкил кунанд.
Қаблан, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) тасмим дошт, ки телевизион ва пойгоҳи ягонаи иттилоотии созмон таъсис диҳад.
“Мо тасмим гирифтем, ки як канали ягонаи телевизионии СҲШ ва портали СҲШ-ро таъсис диҳем. Онҳо ба ҳамаи забонҳои кишварҳои СҲШ фаъолият хоҳанд кард ва бо пешбурди ғояҳо ва технологияҳои соҳибкорони мо машғул хоҳанд шуд”,-гуфта буд вакили думаи Давлаии Русия Андрей Свинсов он замон.
Вале то ҳол ин телевизион ва пойгоҳ сохта нашудааст.
Ҳамчунин, тақрибан 20 сол пештар Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон мехостанд, ки як телевизиони форсизабони муштарак таъсис диҳанд. Вале бо сабабҳои гуногун он амалӣ нашуд. Ҳарчанд коршиносон сабаби амалӣ нашудани онро масоили сиёсӣ медонанд, вале мақомоти Тоҷикистон чанд маротиба гуфта буданд, ки сабаби таъсис нашудани он мушкилоти техникӣ ва ба як мувофиқа наомадани тарафҳо аст.
Ягона телевизионе, ки дар доираи як созмон ташкил шудаву фаъолият дорад, Телевизиони “Мир” аст. Он дар доираи ИДМ таъсис ёфта, фаъолият дорад.
Беш аз 506 млн сомонӣ зарари молиявӣ. Қариб 400 кас ҷарима ва наздикӣ 40 корманд аз вазифа озод шудаанд
Сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон кистанд?
Идомаи моҷарои Таҳмина Самадова дар Русия. Муовини шаҳрдори Митиш боздошт шуд
Беш аз 20 корманди “Амонатбонк” барои изофанависӣ ва азхудкунии маблағҳо аз кор ронда шудаанд
Даркор аст, аммо талабот нест. Чаро дар Тоҷикистон истифода аз барқи офтобӣ маъмул нест?
Қарзи “ТАЛКО” қариб 220 млн сомонӣ зиёд шуд. “Шабакаҳои тақсимоти барқ” баҳси додгоҳӣ бо ин ширкатро шарҳ надод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Гилаи зан аз шавҳари фақир”
Вазири меҳнат: Тоҷикистон самтҳои муҳоҷирати кориро васеъ кард
Фонди Саудии рушд ба сохтмони роҳи ҳалқавӣ дар Кӯлоб 30 млн доллар ҷудо мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 феврали соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста