Ҳайате аз уламои Ӯзбекистон бо сардории муфтӣ ва раиси идораи мусулмонони ин кишвар Нуриддин Холиқназаров ба Афғонистон рафтаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар дода, навиштаанд, ки ин сафар рӯзи 23-юми октябр бо даъвати Нурмуҳаммад Соқиб, вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Толибон* сурат гирифтааст.
Аз Вазорати иршод, ҳаҷ ва авқофи Толибон ба расонаҳо гуфтаанд, ки уламои дини Ӯзбекистон барои беҳбуди масоили динӣ ва омӯзишҳои исломӣ, ҳамчунин, тавсеаи равобит миёни улмои ду кшвар, ҳамкори ва табодули таҷриба дар умури масҷиду мадрасаҳо бо Толибон гуфтугӯ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки ин ҳайат аз маконҳои таърихӣ ва машҳури Афғонистон боздид кардааст.
Расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки сафари уламои Ӯзбекистон ба ин кишвар дар ҳолест, ки нақши Ӯзбекистон дар пуштибонӣ аз гурӯҳи Толибон ва шариати мавриди назари ин гурӯҳ ва ҳамзамон маҳдудиятҳои динӣ ва мазҳабӣ аз ҷумла, мамнуъият дар чигунагии риши мардон ва ҳиҷоби занон дар Ӯзбекистон бо интиқодҳое ҳамроҳ будааст.
Бояд гуфт, хабаргузориҳои Афғонистон чанд моҳ пеш аз сохтани як мадрасаи динӣ аз ҷониби Ӯзбекистон дар вилояти Балхи Афғонистон ва ба ихтиёри Толибон додани он хабар дода буданд.
Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон яке аз кишварҳоест, ки бо фарқ аз Тоҷикистон бо Толибон, ки қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, равобити танготанг дорад. Ин кишвар ҳарчанд ҳукумати Толибонро расман эътироф накардааст, аммо намояндангони расмии он, аз ҷумла дар сатҳи сарвазир ба Кобул сафар кардаву бо намояндагони Толибон мулоқот мекунанд.
Ахиран ин кишвар Ойбек Усмонов, дипломати 62-солаи худро сафири нави Ӯзбекистон дар Афғонистон таъин кард.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста