Дар Қирғизистон рӯзи 15 октябр маъракаи интихоботи президенти панҷуми ин кишвар баргузор шуд. Дар ин маърака номзад аз Ҳизби сотсиал-демократӣ Сооронбой Жээнбеков пирӯзи ба даст оварда, номзади худпешбаришуда Омурбек Бабанов зинаи дуюмро ишғол намуд.

Ба ақидаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов, дар интихоботи кишвари ҳамсоя нерӯҳои муҳофизакор (консервативӣ) ғалаба карданд, ки ин нерӯҳоро президенти амалкунандаи Қирғизистон Алмазбек Атамбоев роҳбарӣ мекунад.

«Интихоботи доиргардида, ки дар он ҳокимият барои дастгирии Сооронбой Жээнбеков аз тамоми имконоти худ истифода кард, ояндаи ин кишварро норавшан гузошт», - мегӯяд Мамадазимов.

Ӯ хотиррасон намуд, ки имрӯз бисёре аз коршинсони ҷаҳон Қирғизистонро «ҷазираи демократия» дар минтақаи Осиёи Марказӣ мешуморанд. «Акнун чун дар дигар кишварҳои минтақа дар Қирғизистон низ метавонад сохти худкома (авторитарӣ) ба вуҷуд ояд, ки ба «ҷазираи демократия» хотима мебахшад», - аз эҳтимол дур намедонад коршинос.

Муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон ба таври демократӣ ва озодона баргузор шуд.

«Бо ташкили рақобати воқеӣ миёни номзадҳо ба мансаби сарвари давлат ва доир кардани интихоботи озодонаву демократӣ, Қирғизистон бори дигар ба кишварҳои минтақа ва ИДМ чӣ гуна баргузор намудани интихоботи президентиро сабақ дод», - мегӯяд Ш.Ҳакимов.

Ӯ муътақид аст, ки баъди интихобот Қирғизистон натанҳо «ҷазираи демократия» дар минтақа боқӣ мемонад, балки дар масъалаи ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишвар аз ҳамсоякишварҳо пеш мегузарад.

Дар робита ба пешгӯиҳои зиёди пирӯзии Омурбек Бабанов сиёсатшиноси тоҷик таъкид дошт, ки бисёре аз нерӯҳои манфиатдор аз ин назарпурсиҳо истифода карданӣ шуда, «аз эҳтимол дур намедонам, ки О.Бабанов ва дастаи ӯ дар марҳилаи нихоии интихобот ба хатогиҳо роҳ доданд».

Сиёсатшиноси дигари тоҷик Нуралӣ Давлат чунин мешуморад, ки агар дар интихоботи кунунии президенти Қирғизистон аз имконоту воситаҳои маъмурии ҳукумати ин кишвар истифода шуда бошад, метавон дар Бишкек аз инқилоби навбатии ранга интизорӣ дошт.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли 2009 дар маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон сарвари давлати он замон амалкунандаи ин кишвар Қурмонбек Боқиев пирӯз шуд. Коршиносон бар ин назар буданд, ки ӯ аз имконоту воситаҳои маъмурии ҳукумати худ истифода кард. Моҳи апрели соли 2010 дар Бишкек инқилоби навбатии ранга ба вуқӯъ пайваста, Боқиев ва наздикони ӯ аз ҷумҳурӣ фирор карданд.